Бахшҳо
17 ноя 2016 14:23Тоҷикистон / Видео

Александр: Аз Ҳукумат хоҳиш мекунам, манзили ба номи ман бударо баргардонад (ВИДЕО)

Александр Раҳимов, як сокини 35-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, манзилеро, ки аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ тақдим шуда буд, ба нафари дигар додаанд ва инак 10 сол аст, ки талошҳояш барои баргардонидани он бенатиҷаанд.

Раҳимов ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, соли 2006 замоне, ки дар Хадамоти оташнишонӣ фаъолият дошт, раҳбари ин ниҳод бо таваҷҷуҳ ба ин ки падару модар надорад ва дар хонаи бепарасторон бузург шудааст, ваъда супурд, ки агар оиладор шавад, Президент дар қатори чанд корманди дигар ба ӯ ҳам манзил медиҳад. “26 июли соли 2006 роҳбари Хадамот маро зан дод ва ба ноҳияи Рӯдакӣ ба кор фиристод. Ба зани ман ваъда доданд, ки баъд аз як ҳафта президент хона медиҳад, аммо ин ваъда иҷро нашуд. Баъдтар фаҳмидам, ки хонае ки ба номи ман буд, бо роҳи шиносбозӣ ба дигар нафар додаанд. Ман ба Додситонии кулл муроҷиат кардам, аммо касе маро нашунид. Раҳбари Хадамоти оташнишонӣ омада гуфт, ки агар ин корро намекардам, маро аз вазифаам озод мекарданд”,-шикоят намуд ӯ.

Ҳамсуҳбати “Озодагон” афзуд, ҳоло бо ҳамсару ду фарзандаш дар хонаи падарарӯсаш зиндагӣ мекунад: “Ман дар хонаи кӯдакони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба воя расида, ягон хешованд надорам”.

Ба гуфтаи Александр Раҳимов бо вуҷуди таҷрибаи 13 солаи кор дар мақомоти қудратии Тоҷикистон, ӯро бемор гуфта, аз кор ронданд: “Ду сол хизмат кардам ва аз соли 2004 дар Хадамоти оташнишонии ВКД, баъдан Вазорати адлия ва Гвардияи миллӣ фаъолият кардам. Аз мақомот низ маро бемор гуфта аз кор озод карданд. Ҳарчанд талош кардам, аммо дубора ба кор нагирифтанд”.

Вай афзуд, зиндагиаш хеле сангин мегузарад ва мехоҳад, ки тавассути расонаҳо додашро ба Президент ва ҳукумати Тоҷикистон бирасонад: “Аз ҳукумат хоҳиш менамоям, он хонае, ки ба номи ман буду ба дигар нафар доданд, баргардонанд. Як хоҳиши дигари ман аз Ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки маро ба кори қаблиам барқарор ва ё барои ба нафақа баромадан кӯмак расонанд”.



Ба қавли Александ Раҳимов ӯ борҳо талош намуд, ки дар бораи падару модараш маълумот пайдо кунад: “Дар ҳуҷҷати таваллуд номи падарам Раҳимов Ҷӯра ва номи модарам Раҳимова Анастасия навишта шудааст. Соли 2006 баъди ҷустуҷӯҳои зиёд хонаи модарамро дар кӯчаи Помир 263 пайдо кардам. Аммо онҷо алакай нафаридигар зиндагӣ мекард”.

Ӯ мегӯяд, ҳоло умеди ягонааш Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Бовар дорад, ки ба додаш мерасанд ва дар ниҳоят соҳиби манзил мегардад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)