Бахшҳо

Маркази исломӣ ба донишҷӯён: Намози ҷумъа бар шумо воҷиб намешавад

Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, бо ин далел ки барои хонандаҳои мактабу донишҷӯён иҷозати ом нест, намози ҷумъа бар зимаи онҳо воҷиб намешавад. Ин нукта дар пайи саволи як корбари торнамои расмии марказ зикр шудааст.

Саволдиҳанда пурсида, ки "аз дарс гурехта ба адои намози ҷумъа равем, оё намозамон қабул мешавад?". Масъулини Маркази исломӣ дар посух гуфтаанд: "Бародари гиромӣ, қабулияти намоз дар назди Худованд аст, лекин адо мешавад. Ногуфта намонад, ки чун барои шумо иҷозати ом нест, намози ҷумъа бар зиммаи шумо воҷиб намешавад. Шумо бояд ба ҷои намози ҷумъа намози пешин бихонед ва он ҳам дар вақти дарс набошад, чунки илм омӯхтан ҳам аз яке вазоифи зарурии инсон маҳсуб мешавад".
Мӯҳр
илҳом
донишҷуи аз 18 солаги сар мешавад. чи хел воҷиб нест намози ҷума?

Мукаррам намеша дига умуман нахонем намоз?

а
Рост гуптааст муфти. Барои шумо намози чумъа вочиб нест. Руза хам нагиред, хачч хам наравед.

Хамин муфти ягон бор ба хукумат мурочиат кунад то рузи чумаро рузи истирохати элон намоянд. Рузи якшанбе рузи кори. Хамаи мардуми намозхон ба чума мераванд. Медонам ки хукумат ичоза нахохад дод вале ин амали муфти хам дар пеши худованд ва хам намозгузорон обруи уро боло мебардорад.

Ба фахмиши ман, он чи ки хондаам, барои хамаи инсон намоз фарз аст, вале вочиб шудани он кабул шудан дар назди Худованд аст. Инсонхое хастанд, ки дар рох рафта истода дуое мекунаду онро Худованд вочиб мегардонад. Аввал Худо худаш...
Дар мачит якчо намоз хондан ва дуо кардан барои хамаи инсонхо аз ахволи якдигар хабардор шудани онхо ба фикрам дар аввал шакл пайдо кард, вале чавонони мо имруз бояд донанд, ки хамин чамъомаданхо ва аз якдигар бохабаршуданхо дар дигар чойхо низ имрузхо дар хаёти ичтимои вокеъ мегардад. Дигар ин ки оё аклу заковат ва дониши донишчуёни мо ва шуури сиёсии онхо барои чамъомадан дар масчидхо мувофикат мекунад?! Оё онхо ба равия ва гуруххо мухталиф ворид шуданашон имконпазир нест?! Ин хам дар холе, ки муносибати сиёсати беруна ба мамалакатхои мусулмон чи гуна аст. Дар ин вазъ хуб мешуд, ки аввал акалан аксари донишчуён ва умуман чавонони мо аз илми дуняви ва охират то дарачае бархудор мешуданду мустакилона тасмим гирифтанашонро медонистанд ва ба равияхои гуногун шомил намешуданд.
Худованд, ки бахшандаву мехрубон аст, дастгирамон аст. Агар хатое гуфта бошам, бахшиш мепурсам, чун ин масъала назди Худованд дониш ва фахмиши кавиро талаб мекунад.

Маркази исломи! хаминхел рафтан гирад ируз пага шумо намозро хам манъ мекунед дар Точикистон,

бандаи Худо
намозро хеч ман карда наметавонад ва хак хам надорат
намозатонро хондан гирет

дар 20 дакика ин хам дар як руз АСТ Кира басавод мекна. бе унам чанд соатии дарсора мегрезан хич гап намешаку илҳом,

Банда
шахрванд,!!!! Бесавод! Бе имон! Бе Худо!


Эй касоне, ки имон овардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа дода шавад, ба намоз бишитобед ва доду гирифтро тарк кунед,. Агар доно бошед, ин кор бароятон беҳтар аст.
(Қуръон сураи 62; оёти 9)

яъне дарс хондан аз намоз афзал аст.
шурои уламо гуш кун
Сипос Худоеро ки намозро бар мусалмонон фарз гардонида ва онро бузургтарин ибодат ва сутуни дини ислом ва василаи наздик шудан ба худ қарор дод, ва дуруду салом бар беҳтарин фарзанди Одам (а) Паёмбари бузурги ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва бар олу асҳоби бузургвораш бод.
Намоз яке аз аркони муҳими дини ислом мебошад, ки дар Қуръон ва суннати расули Худо барои барпо кардани он таъкиди зиёде шуда аст, аммо чи басо инсонҳоеки корҳои дунё онҳоро аз таваҷҷуҳ ба рӯзи охират боз дошта аст ва ба намозхондан аҳамияте намедиҳанд ва аз пушти шаҳавоти дунё саргардо-нанд, аз амрҳои Худованд дури мегиранд ва аз ёди Аллоҳ таъоло ғофиланд ва аз қаҳру ғазаби Ӯ наметарсанд ва аз оқибати баде ки дар интизори онҳо аст дар тарс нестанд.

Аллоҳ таъоло мефармояд:
ﭽٱسۡتَحۡوَذَ عَلَيۡهِمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ فَأَنسَىٰهُمۡ ذِكۡرَ ٱللَّهِۚ أُوْلَٰٓئِكَ حِزۡبُ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ أَلَآ إِنَّ حِزۡبَ ٱلشَّيۡطَٰنِ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ١٩ ﭼ سورة المجادلة 19
"Шайтон бар онон чира гашта аст ва ёди Аллоҳро аз ёдашон бурда аст. онҳо ҳизби шайтон ҳастанд, огоҳ бошед! Ҳатман ҳизби шайтон зиёнкор ва зиёнбинандаанд".
(Сураи Муҷодала, ояти 19)
Оре, дар ҳолеки бар онҳо сиҳатию тинҷи, ризқу рӯзии фаровон насиб фармуда аст, аммо онҳо дар муқобил ба ҷои шукру итоъат аз Худованди бузург куфрони неъмат мекунанд.
Вой бар ҳоли он инсон, ки чигуна ҷуръат менамояд дар муқобили холиқ ва розиқи худ сарпечи ва нофармони кунад, оё намедонад ки ҳама инсонҳои рӯи замин дар муқобили Худои бузург бандагони фақир, муҳтоҷ ва хору залиланд.
Ва дар ин замон бо пахши васоили фасод дар ҷомеъа гуруҳе аз мардум намоз ва масҷидро тарк намудаанд, ки ин худ сабаби ғазаби Худованд мегардад зеро бузургтарин мусибат ва маъсият барои як мусалмон тарки намоз, ин ибодати бузург мебошад, ин матлаби кутоҳ вале муҳимро ки ба сурати навори овози (касет) дар соли 1424 ҳ нашр шуда ва акнун ба шакли рисолаи кучак бо каме дигаргуни омода гардида ва бар асоси рисола (يا غافلا عن الصلاة)навишта шударо ба унвони туҳфае хидмати бародарон ва хоҳарони муъмину мусалмонам тақдим мекунам, то бошад ки ғофиле ба худ ояд ва ё гумроҳе ба кумаки Худованди қодир ва тавоно роҳёб гардад. Ва аз даргоҳи Худованд мехоҳам ба мо кумак намояд то битавонем масъулияти худро дар муқобили исломи азиз анҷом дода ва дар роҳи дин хидмат намоем ва ба ҳамаи мо тавфиқу ҳидоят ва ибодат насиб намояд. Илтимоси дуъо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)