Бахшҳо

Нашри суруди муштараки Меҳрнигор ва Манижаи Давлат (САДО)

Манижа Давлат ва Меҳнигори Рустам, овозхонҳои маъруфи тоҷик суруди нави муштаракашон зери унвони “Дили зорам”-ро пешниҳоди омма кардаанд.

Матни суруди “Дили зорам” ба қалами Орзу Исоев рӯзноманигори тоҷик тааллуқ дошта, оҳанги онро Манижа ва Меҳрнигор муштарак эҷод кардаанд. Манижаи Давлат, ки солҳои зиёд аз саҳнаи овозхонӣ канор рафтааст, дар бархе аз қисматҳои “Дили зорам” бо Меҳрнигори Рустам ҳамовозӣ кардааст.

Манижи Давлат мегӯяд, “як шаб бо Меҳнигор суҳбат доштем ва ӯ пешниҳод кард, ки якҷо чизеро эҷод кунем. Бо ҷони дил гуфтам ва ӯ гитор гирифту ман табл ва ана ҳамин сурудро ҳар ду офридем. Қалби тозаи Меҳнигор ва самимияти ман рӯи ин кор буд, ки оҳанг ширину равон омад. Ҳар қадар гӯш биандозӣ боз мехоҳӣ, ки гӯш бидиҳӣ”.

Қаблан Манижаи Давлат гуфт, ки мехоҳад, ба саҳнаи овозхонӣ бо сурудҳое баргардад, ки муаррифигари шеъру сухани ӯ бошанд. Ӯ дар сафҳаи фейсбукияш изҳор дошт, ки суруд умри кӯтоҳ дорад, аммо шеъру сухан мондагоранд: “Ҳар чиро хондам муаррифигари садоям буд. Сабкам буд, чун сабки хондан сабки ҷадид буду ҳар ҳаракату имову ишораам низ ҷадид буданд. Ҳар чӣ имрӯз қарор аст, ки бихонам, мехоҳам муаррифигари шеъру суханам бошад”.

Мӯҳр
ман
Таронаи Муштарак аку защмати Меҳриниггор уқа неву ами Маниже неким азоб кашидай аз ААААААААААААААААААА гуира.
Ҳамаги як ҳарф хондасту бо ин тарона муштарак)))))) шояд дар таҳияи оҳангаш заҳмат кашида бошад (агар ҳамонам ҳамин АААА набошад) боқи ҳама заҳмати Меҳринигораст ку дар сурудан !

Боз Рекламаи Манижа сар шуд. Худашро таъриф дорад Манижа, " хар харакату имову ишораам чадид буданд"...... А разве???????

Манижаи чун куштимона ай интизорида... Алаи чун камтар овозта мебароварди ки халоват мебурем... факат аааа гуфтаи тамом...

Бахтиёр
Салом редаксияи озодагон.Ин авохир аз бонуи дилхо Манижаи Давлат хабар медихед,шояд аз сахифаи Фейсбукияш гирифта бошед,балле хакикатан вактхои охир захматхои зиёди Манижаи азиз руи охангхояш ки ба дигар сарояндахо такдим мекунад мушохида мешавад.Хам дар сахифаи Инстаграмаш хам дар сахифаи фейсбукияш холатхои корй рафти суруд ва баьдан тарзи таёршудаашро мегузорад.Аз руи гуфтахо ва корхояш ки мебинем ин чанд мохи охир чанд суруд ба Рахмия чандто ба Зулайхо Ва бо Мехрнигор кор кардаст.Ва бо ахли каламу таронагуён низ хамкорихояшро менависад.Аз ин бармеояд ки Манижа махорати хубй фахмиш дар мусикй эчод ва охангсозй дорад.Аз ин бармеояд ки Манижаи мо хеч чо аз мо дур нарафтааст ва барьакс чи хели ки мебинем аз пешина дида зиёдтар дар миёни шеьру мусикист.Шоядам худи у мехохад ки аз ин пахлуи хунар яьне охангсозй худашро нишон дихад.Месазад ки уро дар ин рох ва захматхои ки мекашад дастгирй кунем. Чун у дорад корхои хуб анчом медихад барои саньати имрузаи точик.


Манижадустдор
Бе ту ин дили зорам девона шуд девона аааааа

Кай суруд бо сабташ ба навор мебарояд
ман,

Мехрнигори Рустам ба реклама ниез надорад, чун худаш хам истеъдоди охангсози, хам таронанависи ва навозандаи асбобхои гуногун буда, билохира фориг аз сохтакорист, захматкаш ва ба касби худ серталаб аст,,дустдори механу диери худ аст. хуллас истеъдоди Худод дорад, гарчанде хело чавон аст...

Shams
Ahsan Mehrinigoru Ahsan Manizhajon hardu behtarined

Салом редаксияи мухтарам. Тавре мебинед Мехрнигор ба реклама ниез надорад. Истеьдоди худодод дорад. У офтрберо мемонад ки дар зери шуохояш дигарон намоён шуданиан. Ин хам бошад ифтихори мост. Ааааааа!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)