Бахшҳо

Убайдуллоев: Дар низоми пурхилоф бояд атрофи Пешво муттаҳид бошем

Шаҳрдории Душанбе изҳороти Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахтро дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти институти президентӣ нашр кардааст.

Убайдуллоев ба муносибати нахустин ҷашни Рӯзи Президент дар Тоҷикистон изҳор доштааст, ки тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян намуд ва собит сохт, ки дар кишвар халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияи давлатӣ буда, Президентро бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд: “Бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатии кишвар бо сароҳат исбот намуд, ки қудрати президентӣ низоми давлатдории навинамонро аз бисёр хатарҳои дохилию хориҷӣ ҳифз намуда, таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат кишварро ба шоҳроҳи рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамун сохт ва исбот намуд, ки барои ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, институти президентӣ муассиртарин ва беҳтарин восита мебошад”.

Раиси Душанбе мегӯяд, институти президентӣ – роҳи таърихии санҷидашудае мебошад, ки ҳанӯз аз замони «Эҳё» дар Аврупо ба вуқӯъ омада, ба тадриҷ дар тӯли таърихи беш аз панҷсадсолаи ахир муассир будани хешро собит намудааст: “Аз ин ҷост, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамад имрӯз 149 давлати дунё дар доираи институти президентӣ низоми давлатдории худро таҳким бахшида, аксари онҳо ба кишварҳои пешрафтаи дунё табдил ёфтаанд”.

Убайдуллоев дар мавриди Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳамагон хуб дар ёд доранд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар замони вакили Шӯрои Олии кишвар будан, дар ҷаласаҳои он ҳангоми баҳсу мунозира бо ҳарифони сиёсии худ аз низоми демократӣ ва дунявӣ дифоъ намуда, хислатҳои воқеии раҳбари муосирро дар худ таҷассум менамуд ва аз ин лиҳоз дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат интихоб гардид ва тавонист дар кӯтоҳтарин вақт кишвари дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарордоштаро берун аз вартаи ҳалокат барорад ва ҳамчун пешвои воқеии миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми сазовори худро на танҳо дар сиёсат, балки дар қалби ҳар як тоҷикистонию тоҷикони бурунмарзӣ пайдо намояд”.

Раиси шаҳри Душанбе таъкид намудааст, ки “дар низоми пурхилофу осебпазири муносибатҳои ҷаҳони муосир беш аз ҳарвақта дар атрофи Президенти интихобкардаи худ ва сиёсати Пешвои миллат сарҷамъ ва муттаҳид шуда, Ватани маҳбубамонро боз ҳам обод, пешрафта ва ҳар фарди ҷомеаро дар кору зиндагӣ комгору муваффақ гардонем”.
Мӯҳр
ФИГРИ ХУБ МАН ТАРАФДОРАМ.АҚИДАИ РАИСИ ШАҲРДА.ҲАДМАН ДАРКОРАЙ.

Хамма барои пешво китоб навист. Убайдулоев наменависта бошад?

Албатта, Шумо чун харвакта рости гапро мегуед ва хуб аст, ки Шумо хастед. Инро аз сидк мегуям. Бошад, ки чун пештара донишмандоне, ки ба Чаноб вафодор буданд, бозхам гирдашон даъват мешуданд ва Ватанамонро боз хам ободтар мекардем. Дар ин вазъ бовари ба онхое, ки дар чанги солхои 90ум ин тараф бетараф ва бепарво нисбати такдири Ватан буданд, фикр мекунам, низомро бадтар мегардонад на бехтар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)