Бахшҳо

Шарҳи Суди Олӣ дар бораи таъхири ҷазои омилони марги Исмонбой

Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоятҳо дар мавриди беҷазо мондани омилони марги Исмонбой Бобоев ва таъхиркории мақомоти тафтишотиро шарҳ додааст.

Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 баъди боздошташ аз сӯи кормандони мақомоти пулис ба таври мармуз фавтид, ҳамроҳи вакили дифоъ талош дорад, ки омилони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Эътилофи зидди шиканҷа аз қавли Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ҷабрдида хабар додааст, ки борҳо аз таъхиркориҳо ва таҳқиқоти бенатиҷаи марги Исмонбой Бобоев ба Додситони кул ва дигар ниҳодҳои Тоҷикистон муроҷиат кард, аммо натиҷае ҳосил нашудааст. Ӯ мегӯяд, ки ахиран алайҳи мақомоти тафтишотӣ ба додгоҳи ноҳияи Сино муроҷиат кардааст, аммо додгоҳ дархосташро рад намудааст.

Суди Олии Тоҷикистон бо посухи хаттӣ ба Шарипов, ки охири ҳафтаи гузашта ирсол шудааст, шарҳ додааст, ки интиқоли парванда аз як муфаттиш ба дигар ва аз як ниҳод ба ниҳоди дигар салоҳияти мақомоти додситонӣ аст ва тавсия додааст, ки ба мақомоти салоҳиятдор шикоят бурда шавад.

Аммо Абдурахмон Шарипов, намояндаи Исмонбой Бобоев мегӯяд, Додгоҳи Олӣ муроҷиаташро хуб баррасӣ накардааст, зеро моҳият дар он буд, ки суди ноҳияи Сино зимни радди даъво алайҳи мақомоти тафтишотӣ санади заруриро содир накарда, бо ин ҳаққи ҷониби даъвогарро нақз кардааст. Ӯ ният дорад, бори дигар ба раиси Суди Олӣ дар ин бора шикоят барад.

Исмонбой Бобоев, сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд 19 феврали соли 2010 вақте аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегашт, аз сӯи Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров, кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфти вазорати корҳои дохилӣ боздошт шуда, баъди якшабонарӯз ба таври мармуз фавтид. Мақомот сабаби марги Исмонбойро нафасгир шудан аз беморӣ номид, аммо падари ӯ иддао дорад, писараш ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа шудааст.

Моҳи марти соли 2010 дар робита ба марги Исмонбой Бобоев шӯъбаи тафтишотии Додситонии вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Бар асоси ин парванда, Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров гумонбар дониста мешуданд. Наздикони Бобоев мегӯянд, ҷараёни тафтишот бо далели гӯиё бемор будани гумонбарон шаш маротиба ба таълиқ афтод. Дар пайи шикояти чандинбора ба Додситонии кулл моҳи октябри соли 2012 тафтишоти ин парванда аз сар гирифта шуд. “Аммо бо қарори ин ниҳод аз 30 октябри соли 2012, 25 феврали соли 2013 ва 1 апрели соли 2014 дар асоси бемории гумонбарон баррасии парванди Исмонбой бори дигар ба таълиқ афтод”,-мегӯяд вакили дифоъ.

Ба иттилои ӯ, Шӯъбаи тафтишотии ВКД 29 майи соли 2015 гуфтааст, тафтишоти парвандаи мазкур ба ин ниҳод гузаштааст ва то имрӯз ба саволи вакилони мудофеъ ва намояндагон бо такя ба он ки парванда дар баррасӣ аст, ҷавоб надодаанд.

Мӯҳр
Хакчу
Ачоиб! гумобарон чи хел бемор будаанд? Охир аксар сокинони шахри Исфара хуб медонад Шокиров фирдавс касал не хар замон дар мошини сабукрави хоричии оинаш сиё рафту омад дорад.

мухалиф
дар Тоҷикистон
қонун вуҷуд надорад ҳар қонуне ҳам ки бошад танҳо барои камбагалҳо , муҳоҷирҳо......аст .

Акбар
ака Чурабои ба шумо сабри хазрати аюб мехохем рухафтоду ноумед нашавед аз ин ходисахо призидент бохабар албатта дуругу сохтакори дер умр бинадам рузе ошкор мешавад ва шикаст мехурад. аксарияти исфарагихо ва коргарони мвд нагз медонанд ба хотири манфиати худ кихо даст ба ин корхои зишт задааст, сарчашмаи ин корхо ки мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)