Бахшҳо

Суҳбати Б.Собир: Аз шеъру интеллигент то рубоияш дар бораи кори Э.Раҳмон бо булдозер

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки 20-уми ноябр ба синни 76-солагӣ расид, дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар бораи интеллигент, рисолати шеър, зиндагӣ дар Амрикою Тоҷикистон ва рондани бархе аъзо аз Иттифоқи нависандагон изҳори назар кардааст.

Бозор Собир, ки соли 2013 барои иқомат аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт, дар посух ба суол, ки зиндагӣ дар кадоме аз ин кишварҳо беҳтар аст, гуфтааст, “дар ҳар дуяш хуб аст”.

Дар мавриди равшанфикр кисту дар асри 21, дар замони пур аз гирудорҳою кашмакашҳо, чӣ рисолат дорад, Бозор Собир посух додааст, ки “интеллигент мувофиқи таърифи аврупоӣ, яъне атеист! Шахсе, ки пеш аз ҳама бояд атеист бошад! Баъд дигар талаботҳо, аз ҷумла, мактаб хонда бошад, хатмкардаи университет бошад, маданӣ бошад, донишманд бошад. Ин одам метавонад дар ҳар масъала, чӣ сиёсату тиҷорат, фарҳангу дин, иқтисоду кайҳон бо ту баҳс кунад ва андешаашро гӯяд. Ин аст, таърифи интеллигенти аврупоӣ. Яъне, интеллигент аз интеллигент фарқ дорад. Масалан, интеллигенти тоҷик. Кист ӯ? Шахсе, ки каму беш мактаб хонда бошаду базӯр ягон донишгоҳоро хатм кардааст, атр мезанад, нохун мегирад, мӯйҳои гӯшашро тоза мекунад, барои тоҷик интеллигенти калон маҳсуб мешавад”.

Шоири маъруфи тоҷик таъкид кардааст, ки хусусияти умда ва асосии шеъри асри 20 ва 21 ин шиор аст: “Аммо шеъри асри 21-шеъри майдон аст, шеъри инқилоб аст, шеъри хиёбон аст. Ба гумонам инсоният рӯз то рӯз, ки ба озодӣ меравад, ҳамин шеъри майдону хиёбону тазоҳурот ҳамроҳаш аст”.

Ӯ ба суол, ки шеър чист ва он чӣ вазифа дорад, изҳор доштааст, ки “таърифи шеър зиёд аст, ҳамчуноне ки навъҳои он. Вале аслан шеър куллан ба гурӯҳи “наркотик” дохил мешавад. Фақат шеър не, ба гурӯҳи “наркотик” дохил мешавад шеър ва ҳама жанрҳои саҳна, мусиқӣ, суруд ва ҳамчунин дин. Чаро? Инҳо василаҳоеанд, ки одамро ба ваҷд меоранд, рӯҳияро тағйир медиҳанд, барангеза ҳастанд. Инсонҳоро масту махмуру маланг мекунанд. Шеър барангезанда аст. Кадом инқилоб аст, ки бе шеър гузарад? Шеър ҳамеша гимни инқилобҳост”.

Дар шарҳи иқдоми ахири раёсати Иттифоқи нависандагон барои ихроҷи бархе аз аъзо Бозор Собир изҳор доштааст, ки “корҳои Иттифоқ ба ман дахл надорад. Аммо суол, ки шуд, чунин посух медиҳам. Агар ман мебудам, фақат Айниву Лоҳутиву Турсунзодаро мемондаму дигар ҳамаро мерондам”.

Дар охир рубоии ҷадиди Бозор Собир пешниҳоди хонандагон шудааст, ки дар он шоир кори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳангоми тағйири маҷрои Вахш ба назм кашидааст:

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,
Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.
Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,
Чоки даҳани калони дарёро баст.
Мӯҳр
Саид
Ассалому алайкум, Бале рост мегуяд бОЗОРИ сОБИР, дигар шоире намондааст чуз чоплусоне, ки ба нуки калам нон мехуранд!

О устод Бозор Собир худашон хастанд ку Ифтихори Точикистон. Агар сохибистеъдодеро пайрави худашон мекарданд хуб мешуд, албатта дар чодаи шеър. Аммо дарёфти сохибистеъдод хам кори осон нест. Лекин шояд вохурда бошанд.

рачаб
Айбай ба худо и чхели шеьрай изо намекаши

точик
"Устод" он чунон сухан мегуяд ва андешарони мекунад, ки гуё ба чуз дар олам, бахусус дар сухан шахси ба фахме ё бо дарке набошад.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)