Масъулияти ҳамлаи пурқурбонии мадрасаи Кобулро ДИИШ бар душ гирифтааст
Гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ ба мадрасаи шиаҳои Боқир ал-улум дар Кобули Афғонистонро бар душ гирифтааст.
Наздикиҳои зуҳри рӯзи душанбеи 21 ноябр як маргталаб зимни маросими пайравони мазҳаби шиа худро мунфаҷир кард. Ба омори СММ, дар пайи ин ҳодиса 32 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар захм бардоштааст. Расонаҳои Афғонистон навиштанд, қарор буд баъд аз намози пешин дар ин ҷо маросими мазҳабии “арбаин” ё чиҳилум, ки пайравони мазҳаби шиа онро гиромӣ медоранд, баргузор шавад.
Расонаҳои марбут ба ДИИШ гуфтаанд, дар ин ҳамлаи интиҳорӣ 16 килло маводи тарканда истифода шудааст.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳур ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи Афғонистон ин ҳамларо маҳкум карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |