Бахшҳо

Дастури Убайдуллоев ба муовинонаш: Шабонарӯзӣ навбадорӣ кунед (ҶАДВАЛ)

Дар пайи барфрезӣ ва якбора сард шудани ҳаво Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе муовинони худро муваззаф кардааст, шабонарӯзӣ навбатдорӣ кунанд.

Дар қарори шаҳрдори Душанбе таъкид шудааст, ин тасмим ба хотири “таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр ва зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиат ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳо дар сохторҳои марбутаи дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар мавсими зимистон” гирифта шудааст.

Ҷадвали навбатдорӣ то 26 марти соли 2017 тасдиқ шуда ва Убайдуллоев назорати иҷроиши онро бар души роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузоштааст. Дар қарори шаҳрдор дар ин маврид гуфта шудааст, ки “муқаррар карда шавад, ки ҳангоми навбатдории шабонарӯзӣ дар ин давра шахсони мансабдор барои мусоидат Намудан баҳри ҳаллу фасли фаврии ҳар як мушкилоту ниёзмандиҳои сокинони шаҳр дар сохторҳои марбутаи дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, масъулияти шахсӣ доранд”.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ширкати “Барқи Тоҷик” хоҳиш кардааст, дар давраи муқарраршуда бо ташкили навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби роҳбарони зерсохторҳои он дар шаҳри Душанбе ҷиҳати қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита бо беҳбуд бахшидани хизматрасониҳо оид ба таъмини нерӯи барқ, истеҳсол ва дастрас намудани гармӣ тавассути Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ”, Маркази барқу гармидиҳии №2, дегхонаҳои “Ғарбӣ” ва “Шарқӣ” ва ҳаллу фасли саривақтии дархосту ниёзмандиҳои аҳолӣ, ки ба салоҳияташон дохил мешавад, чораҳои мушаххас андешида, тавассути воситаҳои ахбори омма воқеиятро ба иттилои мардум расонанд.

ҶАДВАЛИ НАВБАТДОРИИ ШАБОНАРӮЗӢ, КИ УБАЙДУЛЛОЕВ ТАСДИҚ КАРДААСТ

Дастури Убайдуллоев ба муовинонаш: Шабонарӯзӣ навбадорӣ кунед (ҶАДВАЛ)
Дастури Убайдуллоев ба муовинонаш: Шабонарӯзӣ навбадорӣ кунед (ҶАДВАЛ)
Дастури Убайдуллоев ба муовинонаш: Шабонарӯзӣ навбадорӣ кунед (ҶАДВАЛ)
Дастури Убайдуллоев ба муовинонаш: Шабонарӯзӣ навбадорӣ кунед (ҶАДВАЛ)
Мӯҳр
Бисёр икдоми хуб ва саривактии Шахрдори!
Агар чадвали навбатдорон ва раками талефонхояшонро чоп мекардед нуран ало нур мешуд.

Дар Шахрдори хама вакт навбатдори вучуд дошт ва арзи дили мардумро мешуниданду ёри мерасониданд.

Ман як маротиба занг задам, аммо ягон чора дида нашуд. Онхо корро аз гардан сокит кардем гуфта, хисобот медиханд. Ба ман гуфтанд, ки ба хукумати нохия занг занам. Модоме, ки чунин бошад, пас телефони бовари чи лозим??????

р
Показуха. Ягон хочати навбатдории чонишинони раис нест. Ба сохахои хочагидории шахр шахсони хирфаии арзандаро таъин намоед, кори корхонахо бехтар мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)