Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 март 2017, 06:34

Вокуниш ба раққосаҳои нимбараҳна дар таронаи “Кабки хушрафтор”-и Шабнам дар Олмон (ВИДЕО)

23 ноябр 2016, 11:41

Гуруҳе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба рақси духтарони нимбараҳна ҳангоми сурудхонии Шабнами Сураё, овозхони саршиноси тоҷик дар шаҳри Ҳамбурги Олмон изҳори нороҳатӣ кардаанд.

Дар ин навор, ки аз маросими тақдими ҷоизаҳои "Daf Bama Music Awards-2016" бардошта шудааст, дида мешавад, ду раққоси нимбараҳна дар ҳавои таронаи фолклории “Кабки хушрафтор” рақс мекунанд. Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштаанд, шеваи ҳаракати раққосаҳо ва тарзи либоспӯшии онҳо ба суруд умуман мутобиқат надорад. Умед Ҷайҳонӣ, пажуҳишгари тоҷик зери ин навор дар Фейсбук навиштааст: “Дареғам меояд, ки ҳунаре чунон зебову волоро чунин пасту фурӯмояву хору зор мекунад”.

Шоир Сафо Алиназар гуфтааст, “...фарҳанги ҳазорсоларо ба дор мекашанд”. Як корбари дигар гуфта, ки агар вазири фарҳанг мебуд, фиттаи ин наворро сӯи хонандаи он ҳаво медод.

Шавқмамад Пӯлодов, овозхони маъруфи сурудҳои фолклор ҳам мегӯяд, ин гуна рақсҳо воқеъан бо суруди фолклории “Кабки хушрафтор” мутобиқат намекунад. Ӯ дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, сурудҳои мардумӣ рақси махсуси худро доранд: “Рақсҳое ки наздик ба фарҳанги хос ҳастанд”.

Пӯлодов аз як консерти Далер Назаров, овозхони номовари тоҷик дар Маскав мисол зад, ки як гуруҳи рақсии Русия пешниҳод кардааст, зери сурудҳои ӯ бирақсанд: “Далер ин пешниҳодро рад карда, гуфт рақси шумо бо сурудҳои ман ҷур намеояд. Агар лозим шавад Шавқмамад худаш рақс мекунад”.

Таронаи “Кабки хушрафтор” эҷоди Моҷон Назардодова, ҳофизи халқии Тоҷикистон буда, бар пояи матни халқӣ таҳия шудааст. Мардуми Бадахшон ин сурудро асосан ҳангоми наздик омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз дар маҳфилҳои шодиву хурсандӣ мехонданд. Ба гуфтаи Шавқмамад Пӯлодов, рақсе ҳам ки дар ҳавои он анҷом дода мешавад, баёнгари расидан ба баҳор аст.

Шабнами Сурайё бори нахуст таронаи “Кабки хушрафтор”-ро ҳамроҳ бо хонандаи маъруф -- Нобовар Чаноров ва гуруҳи “Шамс” иҷро кард, аммо дар Ҳамбург онро ба танҳоӣ мехонад. Ин навор дар шабакаи Ютуб аз замони нашр, яъне 16 ноябри соли равон то замони нашри ин хабар 29408 маротиба тамошо шудааст.

Шабнами Сурайё дар маросими имсолаи "Daf BAMA Music Awards 2016", ки моҳи август дар Олмон баргузор шуд, барандаи ҷоизаи “Мероси тиллоӣ” гардид. Дар баробари ӯ се хонандаи дигари тоҷик ҳам иштирокдори ин маросим буданд ва бо ҷоиза ба ватан баргаштанд. Ҷонибек Муродов “Беҳтарин овозхони попи Осиёи Миёна”, Валиҷон Азизов “Беҳтарин овозхони мард дар Тоҷикистон” ва Меҳрнигори Рустам “Беҳтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон” эътироф шуданд.

Шабнами Сурайё дар гузашта низ чандин бор бо ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards 2016" қадр шудааст. Ӯ духтари Сурайё Қосимова, хонандаи шинохтаи таронаҳои мардумӣ ва хоҳари Фарзонаи Хуршед, яке аз сарояндаҳои попи Тоҷикистон аст.




Акс аз навори таронаи Шабнам гирифта шудааст


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • комунист

  • 23 ноябр 2016 12:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тавба, наход ки ҳоҷия шуда дар байни ду зани лич суруд хони. Шарм ҳам доштан даркор.
Посух додан
  • ю

  • 23 ноябр 2016 13:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин аз фарханги пасти сароянда дарак медихад. Шахси баномус хатто дар бари ин гуна "кабкхои нимбарахна" истоданро западло медонад.
Посух додан
  • Devona

  • 23 ноябр 2016 15:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
HEj mardumi aziz , magar shumo digar kor nadored? OHir in zindagii ust, javobgar hudash ast, shumo az hamin kunjkoviyu dallagi digar namonded.Ba joi in ki kasero rohi zindagi nishon medihed hudatonro az dallagiyu dashnomu tahkiri hammillataton nigah dored. IN az farhangi pasti saroyanda darak dihad ,pas hudaton chi farhang dored? Magar dashnomu tahkiri hamdigar, dashnomu tahkiri Yasminai hurdakak, Noziyavu Mehrnigor...(dar Youtube) in farhang ast?
Посух додан
  • Aziz

  • 23 ноябр 2016 15:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
На Памире всегда встречали Шабнам Сураё тепло и с уважением, когда она выступала на концертах. То, как она отвечает нам отношением к нашей культуре – не справедливо. А с другой стороны, что вообще за награда ДАФ БАФ МЮЗИК
)) …??? Ни кто не знает )))) Собрались пара афганцев пара таджиков в какой то забегаловке где - то в Германии и награждают друг друга ))))) Так что все нормально ДРУЗЬЯ. НАША МУЗЫКА, КУЛЬТУРА И ТРАДИЦИЯ СЛИШКОМ ВЕЛИКА чтобы можно было унижать какими- то вульгарными танцами и выступлениями!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
вазорати фарханг бгира як чаримаш кунад нагз мешад ...... Либоси хдша бин боз ракосахоша бини хеч тугри намегирад
Посух додан
  • Чамолиддин

  • 23 ноябр 2016 16:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шармандагии милли......Дар миёни хамон кадар хозирон нафаре пайдо нашуд, кибаромадро манъ намояд. Хайфо
Посух додан
  • Хурус

  • 23 ноябр 2016 16:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кут кут куттт Инхо кабкхои бадрафторанд, чаро шумо кабки хушрафтор мегуед, мо паррандахоро шарманда кардаед, хар кори бад карда ба гардани мо назанед Кут куттт куттт!!!
Посух додан
  • Ворух

  • 23 ноябр 2016 16:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин шабнам профессионал не микрофонаш кор намекунад, дар вақти мусиқӣ низ микрофон дар даҳон аз тарсе ки бо яке овоз наравад
Посух додан
  • Домулло Зиё

  • 23 ноябр 2016 16:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0

Акаллан хач нарав....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Шабнам як вакт сатр пушидаву хочии харамайн худро элон карда буд, дид магар ки рузаш дигар шуд, ки боз рохи пештараро гирифт. Манижа низ баргаштанист.
Посух додан
  • Нои

  • 23 ноябр 2016 17:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номи суруд иштибоҳ шудааст. Кабки бадрафтор будааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Yagon aibi Shabnam nest, no dar Pomir vairo biser dust medoram , az navor malum, ki in 2 kabki poiluchi prostitutka doim dar hamon sahna and, hai, onho ham kori hudro dorand, Shabnam baromada surudro khond va bad az sahna biraft, "kabk"ho boz dar on jo mondand, mumkin intizori in du Tojik bachai digar budand..) hej gap ne, Shabnam sitorai popi Tojik hast, va khele dostoinaya zvezda, doim salomat va khushbakht boshad va boz bieyad ba kuhistuni mo, folkeri Boi dorem, boz surudhoi nav taqdim mekunem, zihi, oilai Shabnam, Surae va hoharchaash.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин аз пастии минталитети сароянда дарак медишад. Охир ҷаҳонбинии ҳамин сароянда барои чунин кор роҳ намедод.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо акы хаму матали бобоги бахотирам меояда!!! Хар мака рафт омад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба тавофи каьба рафтам ба харам рахам надоданд Ки бруни дар чи карди ки даруни хона ойи
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!