Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 22 июн 2017, 21:37

Вакилони парлумон: Пойтахт ба номи Президент гузошта шавад!

23 ноябр 2016, 15:06

Намояндагони парлумони Қазоқистон пешниҳод кардаанд, номи Остона ба Нурсултон Назарбоев иваз шавад.

Ин пешниҳод яке аз бандҳои баёнияи парлумони Қазоқистон дар мавриди 25-умин солгарди Истиқлоли ин кишвар будааст. Куаниш Султонов, намояндаи парлумони Қазоқистон аснои қироати баёния гуфтааст: “Дар мавриди он ки оё номи Остона “Нурсултон” ё “Назарбоев” мешавад, суҳбат ва баррасӣ хоҳем кард. Ин пешниҳоди мардумӣ аст ва мо онро дар эъломияи парлумон ворид кардем”.

Ин намояндаи парлумон гуфта, ки шаҳри Остона ва мардуми Қазоқистон сазовори номи нахустин Президент ва бунёдгузор мебошанд. Ӯ бо ишора ба он ки ин тасмим “дуруст” ва “муҳим” мебошад, афзудааст: “Маблағе, ки барои ин иқдом масраф мешавад ба фоида ва шаклгирии огоҳии миллӣ, таърих ва давлатдорӣ хоҳад буд”.

Бакитгул Хаменов, як намондаи дигари парлумони Қазоқистон пешниҳод кардааст, пойтахти Қазоқистонро “Елбасӣ” номгузорӣ кунанд. Аммо Михаил Бортник, сенатори Қазоқистон изҳор дошта, ки “мехоҳам номи пойтахти кишвар Астана-Елбасӣ бошад”.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • гарени

  • 23 ноябр 2016 15:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дунёи охири замон!ё тавба...
Посух додан
  • Сайфиддин Исмоилов

  • 23 ноябр 2016 19:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман таклиф дорам, ки номи Чумхурии мо ба номи Президенти махбубамон гузошта шавад.Ин хел шавад номи некашон абадан мемонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳамсояҳо камтар андеша кунанд, хуб мешавад, оё намояндагони парлумонти қазоқ зомбиянд?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!