Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:39

Таъкиди Зуҳуров ба бисёр ҳассос ва масъалаи муҳим будани муҳоҷирати меҳнатӣ

25 ноябр 2016, 09:48

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатиро “муҳимтарин масъала ва бисёр ҳассос” барои Душанбе ва Маскав хондааст. Шукурҷон Зуҳуров ин нуктаро 24 ноябр дар мулоқот бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор доштааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, ҷаноби Зуҳуров дар ин дидор таъкин намудааст, ки ки қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, пас аз ҷорӣ намудани қоидаҳои нави қабули шаҳрвандон ба кор дар Русия – аз моҳи январи соли ҷорӣ як қатор мушкилоти марбут ба истиқомати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави он кишвар ба вуҷуд омадааст.

Манбаъ мегӯяд, раиси Маҷлиси намояндагон изҳори умед кардааст, тамоми масъалаҳои марбут ба муҳоирати меҳнатӣ бо роҳи мусбӣ ҳал хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия беш аз як миллион нафарро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О шумо дар минбархои баланд нишаста солхо бо иштихо аз хисоби халк мехуред, то он ки мухочирони мехнатиро макомашонро мухим элон кардан, намешаваад, ки онхоро аз бори мухочири озод кунед? Шарм накарда масъаларо мухим арзёби мекунед. Чаро ба чои ин кушиш намекунед, ки онхоро дар ватан бо чои кор таъмин кунед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ШМО ҶАНОБ АНДЕША КНЕНКИ ФАРЗАНДИ ШМО ДАР МУҲОҶИРАТ ҲАСТ ЧХЕЛ АЗОБМЕКАШАД.БАҶОИ МИЛЛАТРО ОВАРДАН ДАР ВАТАНИХУДАШОН КОРКУНАД.КҶОҲАСТ НОМУСИ МИЛЛАТДОРИ.ПЕШВОИ МИЛЛАТ .ҲАМАВАҚТ ДАСТАШРО БОЛОИ ДИЛАШ МЕМОНАД МЕГА БО ЗАБОНЕ БОДИЛ СИТҚАН АМАЛКНЕН
Посух додан
  • Холмирзо

  • 26 ноябр 2016 00:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи хел дар Точикистон бо чои кор таьмин мекунанд?
.Чанде пеш радиои Озоди хабаре чоп кард,ки дар нух мохи соли чори танхо дар вилояти Хатлон160 корхонаи хурду бузург аз кор монд. Хамааш аз чабру ситсайтами АНДОЗ. Хулоса заминхои кишоварзи и пахта бехисоб.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!