Бахшҳо
25 ноя 2016 16:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Нашри 14 қиссаи қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон алайҳи шиканҷа ва беҷазоӣ эълон кард, қиссаҳои такмилёфтаи китоби “Тақдирҳои шикаста, умрҳои бурида…”-ро нашр кардааст.

Аз эътилофи мазкур ба “Озодагон” хабар доданд, ин иқдом ба хотири Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр қайд карда мешавад, роҳандозӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, китоб 14 қиссаи воқеии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистонро фаро гирифтааст: “Китоб ба мардонагиву устувории хешовандон, хотираҳои онҳо дар бораи писарҳо ва шавҳарҳояшон, ки ба зӯроварию худсарӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратии кишвар дучор гардидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз бисёр монеаву интизориҳо, онҳо ба адолат боварӣ доранд ва барои ҷазои қонунӣ гирифтани нафарони гунаҳкор кӯшиш мекунанд”.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон алайҳи шиканҷа ва беҷазоӣ мегӯяд, се сол қабл китоби аввали худро ба табъ расонида, умед доштанд, барои пешгирии шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ бо одамон кумак мерасонад: “Мутаассифона, ҳар сол Эътилофи зидди шиканҷа ҳолатҳои нави шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷумла нисбати ҷавононро низ, ки дар натиҷаи истифодаи унсурҳои “дедовшина” дар артиш фавтидаанд, ба қайд мегирад”.

Дар нашри нави китоби “Тақдирҳои шикаста, умрҳои бурида…” 8 қиссаи дар нашри аввал буда ҷой дода шудааст, ки такмил ёфтаанд: “Инчунин, шаш қиссаи нав, ки дар солҳои 2014-2015 ҷой доштанд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)