Бахшҳо

Нигаронӣ ва умеди президенти “Озодӣ” аз мақомоти тоҷик

Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” иқдоми мақомоти тоҷик барои бозхонди иҷозатномаи кори 6 рӯзноманигори ин радиоро мояи нигаронӣ хонда, изҳори умед кардааст, ки мушкил ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

Тибқи иттилоияи радиои “Озодӣ” Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон "аккредитатсия" ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кард. Ҳарчанд вазорат шарҳи расмии тасмимашро ироа накардааст, вале масъулони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷӣ, дар нимаи дувуми рӯзи 25 ноябр сурат гирифт.

Ба қавли онҳо, ин шаш корманди дафтари радио дар Душанбе нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба вазорат даъват шуда ва "аккредитсия"-ашон гирифта шудааст. Ин кормандон Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Раҳматов, Амриддин Олимов ва Шодмони Ятим буда, ба хабари мақоми нави духтари президенти Тоҷикистон иртиботе надоштаанд.

Масъулини радиои “Озодӣ” мегӯянд, баъди нашри ин иттилоъ мақомот ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе панҷ дақиқа мӯҳлат додаанд, то хабарро ҳазф кунанд, вагарна муҷаввизи фаъолиятро аз даст хоҳанд дод. Ба иттилои манбаъ "акредитатсияи" журналистон баъди он қатъ карда шуд, ки Радиои Озодӣ "манобеи хабарашро тафтиш карда ва тасмим гирифт, мақоларо нигоҳ дорад".

Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” изҳори умед кардааст, ки “қарори қатъи муҷаввизи кормандони Радиои Озодӣ билофосила лағв мегардад”, зеро ба гуфтаи ӯ хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе танҳо изҳороти расмии ҳукумати Амрикоро нашр карда ва аз феҳристи расмии кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон истифода намудаанд.

Радиои Озодӣ мегӯяд, ном ва мақоми духтари раиси ҷумҳур дар рӯйхати расмии кормандони Вазорати умури хориҷӣ дар вебсайти ин ниҳод чоп шуда, манобеи дигар ҳам хабарро тасдиқ карданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)