Заминларза дар марзи Тоҷикистону Чин як кушта барҷой гузошт
Заминларзаи 6,5 баллӣ, ки шоми 25-уми ноябр дар марзи Тоҷикистону Чин рух дод, як кушта ва чандин хонаҳои тахрибшуда барҷой гузоштааст.
Тибқи итилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, маркази зилзила дар 450 километрии қисмати шимолу шарқии Тоҷикистон дар ҳудуди Чин будааст. Ба иттилои манбаъ дар қаламрави Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст: "Масъулини ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Мурғоб аз ҳоли сокинон хабар гирифтанд, ягон талафоти ҷонӣ нест. Танҳо хонаҳои чӯпонӣ, ки бархе аз сокинони ҷамоати Қаракӯл дар он ҷо муваққатан зиндагӣ мекунанд, каме зарар дидаанд. Деворҳо кафидаанду лойҳо афтидаанд. Барои барқарорсозӣ ба сокинон кӯмак расонда мешавад".
Мақомоти Чин мегӯянд, дар пайи ин заминларза дар минтақаи Актои вилояти Шинҷон як нафар ба ҳалокат расида, ҳадди ақал 6 хона ва роҳи оҳан тахриб шудааст. Заминларзаи 6,5 баллӣ шоми 25-уми ноябр дар 25 километрии марзи Тоҷикистон ва 30 километрии марзи Қирғизистон, дар ҳудуди вилояти Шинҷон рух додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |