Бахшҳо

Узрхоҳии “Барқи тоҷик” аз сокинони Душанбе: Дар пойтахт “лимит” нест

Раёсати ширкати “Барқи Тоҷик” овозаҳо дар бораи ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар шаҳри Душанберо рад карда, аз сокинони пойтахт барои қатъи интиқоли барқ узр хостааст.

Асозода Маҳмадумар Шамсулло, муовини якуми раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» имрўз 28 ноябр, дар шарҳи мушкили интиқоли барқ гуфт, “санаи 27-уми ноябри соли 2016, соати 18-00 дар хати интиқоли барқи 110 кВ, ки зеристгоҳи «Новая»-ро бо зеристгоҳи «Заводская» пайваст менамуд, нуқсони техникӣ ба амал омад. Дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд. Сабаби пайдоиши нуқсони номбурда вобаста ба серборӣ дучор шудани хатҳои интиқоли барқ аз сардии ҳаво ва аз меъёр зиёд истифода бурдани нерўи барқ аз тарафи истеъмолкунандагон мебошад”.

Асозода афзуд, ки гурӯҳҳои махсуси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва шабакаҳои барқии марказӣ дар муддати кӯтоҳ нуқсони баамаломадаро бартараф намуда, интиқоли барқро барқарор намуданд: “Ширкати «Барқи Тоҷик» овозаро дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудияти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе қатъиян рад намуда, аз муштариён барои ин нороҳатӣ маъзарат мепурсад”.

Ин дар ҳолест, ки сокинони Душанбе мегӯянд, давоми барфрезии рӯзҳои охир ва сардӣ, ки пойтахтро фаро гирифт, ба мушкили бебарқӣ дучор гардиданд. Феълан нерӯи барқ дар пойтахти Тоҷикистон манбаи асосии гармӣ мебошад.
Мӯҳр
дигар бахона надоранд коргарони барки точик каи ки ваъз хаминхел шуд нкусон в ё ивази ким кадом дастгохонашона мекунад ба ин бахонаи шумо дар хонаи мардум гарми намешавад

Холо он ки зимистон сар шудаги не оли дар сардихои ба кавле чилаи хурдак чи кор мекарда бошанд

Озодагон натарсен монед шикояти мардума хонанд хохиш аз шумо

шаҳри
УЗРХОҲИРО МОНЕДУ КОРРО БО ВИҶДОНОНА КУНЕД АЗ ПАЙИ КАМБУДИҲО ШАВЕЕЕЕДДД!!!!!!!!

Ин мушкили садамахо дар тамоми дунё хаст. Амо аз бас ки дар ин кишвархо гарми ва оби гарм хаст набуди баркро камтар эхсос мекунанд.
Дар хорича хам дар пайи чунин садамахо (accident, авария) мардуми зиёд норозигии худро дар шабакахои ичтимои баён мекунанд... хулоса ин мушкил танхо хоси кишвари мо нест.

Ман бовар намекунам, ки ин садама бошад. Зеро як руз пеш дар Испек низ 3 соат барк набуд. Хамкорамон мегуяд, ки 2 руз аст, дар махаллаи онхо бо навбат 3-4 соат барк хомуш мешавад. Вай таъкид карда буд, ки мунтазир шавед, навбати шумо хам мерасад. Ман бовар накардам. Аммо чунин шуд..,, рузи 3-юм дар махаллахои 82, 101, 84, Маяковский ва гайрахо барк хомуш шуд ва ба муддате 3-4 соат. Магар садама метавонад бо навбат ва дар як муддати муайян рух дихад????

Дар махалаи Лучоби нохияи Сино то хол барк нест. Чи тавр боз мегуед,ки садамахоро бартараф кардем ?

каи ки фасли сармо шуд баъд кормандони барки точик ба иваз кардани дастгохошон огоз мекунанд намешавад ки дар фасли гармо иваз кунанд 2 руз дер пула супори дари хонааатро чунон мезананд ки гуё ким чихел чинояте карда боши чавоби ин кадар кудаку маризхое ки дар хонахои баланд ошена ба сар доранд ки медода бошад ё ки бо хамун духтурони 700-800 сомона чавобашона медода бошанд.............(Ба монанди Хирсхое ки дар фасли бахор аз хоб бедор мешаванд)

шахрванди пойтахт
Ин огози омодагии фасли тобистон ба фасли зимистон аст, ки РЧ Точикистон нимсол пеш дастур дода буд.25 сол шуд,ки дар хавои боронй ва барфй ахволи мардуми пойтахт хамин тавр аст, чй харф ба мардуми дехот! Гармй хам ба кисме аз хонахои шахр интикол дода башанд хам,проблем халле худро наёфт ва намеёбад.Масъулини Барки точик факат узрхохиро яккам ёд гирифтаанд.Дар назди миллат аслан масъулият надоранд ва хичолат хам намекашанд.Ин як шармандагй дар назди халк аст.

золимбег
Фуруши баркро ба вилоети шимолии афгонистон фавран кать карда ба сохибони барк точикистониени хуничигар баргардонед ва аз худо битарсед.

беном
Ин барки точик бахонашон бисёр тобистонда хами корора мекарден намешуд факат пул чам карданро медонен боки хеч

ина бо сар аз соати 18:00 сивет нест дар маяковский

Шукрбой
Ба мо барк лозим нест!!! Тенчи бошад шуд, мо бебарку белибос ва шиками гурусна хам мегардем. Пешвои миллат ягон маслихати хуб медодагистан оиди ин масьала. Озодагон агар бекайчи чоп шавад ташаккур, агар чоп нашавад худат медони

Хайр, 27 садама шудаст. Ин ривоят кабул. О, 28.11 чи бало зад, ки боз барк нест. Ин даъфа хам аз соати расо 18.00.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)