16 сол зиндони ду роҳбалади тоҷик дар Русия
Додгоҳи вилояти Астрахани Русия ду роҳбалади қатори мусофирбари самти “Душанбе-Маскав”-ро дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муҷрим шинохтааст.
Бино ба иттилои Юлия Свитина, намояндаи Додситонии вилояти Астрахан, Азамқул Носиров ва Алишер Одинаев дар маҷмӯъ 16 сол аз озодӣ маҳрум шуда ва ин муҳлатро дар маҳбаси низомашпурзӯр пушти сар хоҳанд кард. Бар илова Носиров 400 ва Одинаев 300 ҳазор рубл ҷарима шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ин ду роҳбалад моҳи октябри соли 2015 боздошт шуда, ҳукмашон имрӯз, 28 ноябр содир шудааст.
Намояндаи додситонӣ мегӯяд, Азамқул Носиров ва Алишер Одинаев дар вагони таҳти ихтиёрдоштаи худ 30 кило ҳероинро пинҳон карда, мехостанд вориди Русия созанд, аммо аз сӯи кормандони Раёсати марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия боздошт гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан, Усмон Қаландаров, ноиби раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта буд: “Дар ин корхона қоидае амал мекунад, ки бар асоси он агар як роҳбалад ба интиқоли нашъа даст занад, тамоми ҳайати кормандони қатор аз кор озод мешаванд”.
Қаландаров дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ин қарор ба низомномаи корхона ворид шудааст. Ӯ интиқоли нашъаро барои кормандони роҳи оҳан ва корхона масъалаи нанг хонда, илова намуд, ки хушбахтона соли равон ягон ҳолати интиқоли нашъа аз ҷониби тобеинаш сабт нашудааст: “Ягон корманд боздошт нашудааст”. Масъулини роҳи оҳан мегӯянд, бо роҳандозии ин қоида мехоҳанд, масъулияти ҳар корманди қаторро бештар кунанд то алайҳи нашъаҷаллобӣ талош намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |