Бахшҳо
29 ноя 2016 09:00Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Дастури Убайдуллоев барои қатъи фаъолияти нонвойхона ва гармобаҳои барқӣ дар Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе тадбирҳои андешидаи сохторҳои дахлдори пойтахт, ба вижа ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсиро ҷиҳати рафъи оқибатҳои барфи аз меъёр зиёдборида ва таъмини ҳаракати муназзами нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти шаҳрдор иттилоъ доданд.

Манбаъ мегӯяд, Убайдуллоев дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур дода, ки зери масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо дар тарҳрезии фаъолияти минбаъдаи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба зимистон қатъиян таҷдиди назар карда шавад. Раиси шаҳр ба вазъи таъминот бо нерӯи барқ аз ҷониби сохторҳои зертавозуни “Барқи Тоҷик” ҳам дахл намуда, сохторҳои шаҳрии ин ширкатро муваззаф сохтааст, дар ҳамкории пайваста бо субъектҳои марбутаи ширкат чораҳои мушаххас андешанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар идома аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва сокинони пойтахт даъват кардааст, нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд ва барои гарм намудани манзилҳояшон аз аз таҷҳизоти каммасраф ва сӯзишвориҳои алтернативӣ истифода намоянд: “Инчунин, дар ҷаласа баҳри сарфаи нерўи барқ дастур гардид, ки фаъолияти нонвойхонаҳо ва гармобаҳои барқиро қатъ намуда, бо пешгирии омилҳои истифодаи ғайриқонунии нерўи барқ, пурзўр намудани тадбирҳои зиддисўхторӣ, ҳолати бо сўзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалии сокинон дар таносуби маҳаллаҳои маскунии шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад”.

Шаҳрдори пойтахт аз ҳолатҳои ҷой доштани истифодаи нерӯи гармии интиқолшванда ба биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҳамчун оби гарм барои эҳтиёҷоти маишӣ аз ҷониби бархе аз истеъмолкунандаҳо интиқод намуда, таъкид намудааст, сохторҳои дахлдор дар пешгирии ин амалҳо, ки оби техникӣ барои саломатӣ ва истифодаи маишӣ зараровар аст, корҳои фаҳмондадиҳоро миёни аҳолӣ пурзўр намуда, ба мардум фаҳмонанд, ки аз нигоҳи технологӣ Маркази барқу гармитаъминкунӣ танҳо барои истеҳсоли гармӣ, на таъмин бо оби гарм нигаронида шудааст.

Акс аз интернет
Мӯҳр
Шеьри худамон оханги худамон худамон месароем!То кай охир то кай як руз дар бебарки истед!

Боз ефтани нон проблема мешавад. Кариб хамаи танурхо бо куввати барк фаъолият мекунанд. Ин рохи халоси аз бебарки шуда наметавонад. Тобистон кор кардан даркор буд. Дар ин рузхои сарди Зимистон ЖУ факат пул чамъ дораду корашон маълум нест. Хар руз боз як проблемаи нав пайдо шудааст " ЗАТОП ". Охир хама шароити иваз кардани батареяхову подвалро надоранд.... Кор меравию фикри онро дори ки агар обро диханд, хонаам зеро об намонанд....

гарени
ин корро фавран кардан даркор

Man tarafdori boboi raisi shahr, пешниход мекунам, ки тамоми сокинон бояд дар манзили худ сандалӣ ҷур кунанд, вай моли мо тоҷикхо ку. Инчунин пешниход карда шавад, ки дар пойтахт ва дигар минтакахо Рузи Сандалӣ эълон карда шавад. Вой бар ҳоли мо.... дигар чи ҳам мегуфтем бо ин давлатдориамон....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)