Вазорат гуфт, нақшаи даъват 100 дарсад иҷро шудааст
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои саддарсади нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ хабар дод.
Аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки нақшаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарби рӯзи 26 ноябр пурра иҷро гардидааст.
Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 14 ноябр иттилоъ дода буд, ки давоми 44 рӯзи даъват тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе 100 ва танҳо навоҳии тобеи марказ нақшаро 92% иҷро кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, то санаи 26 ноябр навоҳии тобеи марказ ҳам нақшаро пурра иҷро кард: “Бештари ҷавонони синни даъват ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ омадаанд”.
Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 3 сентябри соли равон содир шуд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 “шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъват карда мешаванд.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |