Бахшҳо

Изҳороти CPJ дар пайи бекор шудани муҷаввизи 6 журналисти тоҷик

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) бо пахши як изҳорот гуфтааст, мақомоти тоҷик бояд муҷаввизи 6 хабарнигори тоҷикро дубора барқарор кунанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 25 ноябри соли ҷорӣ “аккредитатсия” ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кард.

Роберт Маҳони, муовини раиси иҷроияи Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон дар ин изҳорот гуфтааст: “Монеъ шудан ба кори рӯзноманигорон ба монанди муқобила нишон додан барои нашри хабар онро аз назар дур намекунад, балки таваҷҷуҳи бештарро ба он ҷалб хоҳад кард. Мо аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мехоҳем, ки муҷаввизи кории 6 хабарнигорро дубора барқарор ва аз дахолат кардан дар кори расонаҳо даст кашанд”.

“Хабарнигорони бидуни марз”, як созмони байналмилалии дигар низ қаблан бо пахши изҳорот аз қатъи фаъолияти хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ нигаронӣ кард. Люсие Моррилон, раҳбари барномаҳои ин ниҳоди марбут ба рӯзноманигорон бо ишора ба вазъияти ду соли ахири Тоҷикистон гуфт: “Мо аз коҳиши вазъ дар Тоҷикистон нигаронем. Мо тарс аз он дорем, ки ин кишвар метавонад ба мавзеъе табдил ёбад, ки онҷо рӯзноманигорон аз ҳуқуқи худ бархурдор набошанд”.

Масъулони Радиои Озодӣ мегӯянд, муҷаввизи кормандонашон баъди расонаӣ шудани мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ниҳод гирифта шуд. Аммо, раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ бозхонди иҷозатномаи кори хабарнигорони радиои “Озодӣ”-ро “раванди муқаррарии корӣ” хонд. Бино ба гуфтаи ин ниҳоди давлатӣ нашри хабар дар бораи мансаби Рухшона Раҳмонова ба қатъ шудани муҷаввизи кори хабарнигорон рабт надорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)