Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 08:29

Муроҷиат ба Президент: Танҳо Шумо метавонед ёрӣ диҳед, дар Кӯлоб касе ба доди ман нарасид (ВИДЕО)

1 декабр 2016, 10:22

Як сокини 56-солаи Кӯлоб мегӯяд, шаш сол қабл дар пайи офати табиӣ манзилашро сел бурд ва то имрӯз барои дастрас кардани манзил ё қитъаи замин муваффақ нашуд.

Акрам Абдуллоев, маъюби гуруҳи дуввум, ки солҳои Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст, мегӯяд, солҳост ҳамроҳ бо шаш фарзанди худ дар як анборхона зиндагӣ мекунад: “5 сол боз дар ин анборхона зиндагӣ мекунам. Имсол хеле сард омад. Инҷо зиндагӣ кардан имкон надорад”.

Ба гуфтаи Абдуллоев, дархосту муроҷиатҳои бешумораш барои дарёфти манзил ё қитъаи замин бенатиҷа буданд: “Президент ҳамеша таъкид мекунад, ки ба ниёзмандон кумак намоед, аммо касе ба доди мо намерасад. Танҳо аз Дастгоҳи Президент 25 ҷавоби мактуб дар даст дорам, вале дар тӯли ин солҳо мушкили ман ҳалли худро наёфтааст. Соли 2010 манзили маро сел шӯста бурд, аммо шаш сол мешҳавад, ки аққалан қитъаи замин барои бунёди хона намедиҳанд”.

Ин сокини Кӯлоб мегӯяд, ҳамагӣ 200 сомонӣ нафақа мегирад, ки ҳатто барои рӯзгузаронӣ кифоят намекунад. “Гузашта аз ин шабакаҳои барқи Кӯлоб маро 600 сомонӣ ҷарима кардааст, ман имкони супоридани ин маблағро надорам. Ҳоло умеди ягонаи ман Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар Кӯлоб касе ба доди ман нарасид. Умедворам, ки Президенти муҳтарам ба доди ман мерасад”,-афзуд ӯ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!