Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:24

Раиси Бонки Миллӣ: Ояндаи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” нек аст

1 декабр 2016, 12:24

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, дар мавриди ояндаи “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” бояд “дилу нияти нек кард”.

Нурмуҳаммадзода имрӯз, 1-уми декабр зимни муаррифии лоиҳаи дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2017 ба суоли вакилон дар мавриди тақдири “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” посух дод.

Ӯ гуфт ҳамеша дилу нияти нек кардан лозим аст ва афзуд, ки шахсан ба ояндаи неки ин бонкҳо боварӣ дорад. Раиси Бонки Миллӣ афзуд, ки барои ҷалби сармоя ба бонкҳои мазкур аллакай чанд созишнома имзо шудааст, аммо маблағҳои ҷалбшуда ҳанӯз кофӣ нестанд: “Боварӣ дорам, ин бонкҳо ояндаи нек доранд”.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Нурмуҳаммадзода хост, то охири соли равон мушкили мардумро зимни гирифтани маблағ аз бонкҳо ҳал кунанд. Зуҳуров ҳушдор дод, ки дар акси ҳол бонкҳо аз боварии мардум маҳрум хоҳанд шуд.

Охири моҳи октябр раиси Бонки Миллӣ дар шарҳи мушкили мардум зимни гирифтани маблағ аз бонкҳо гуфт, “гуруҳи корӣ се моҳ боз дар ин масъала кор карда истодааст ва мо пешниҳодҳои худро ба ҳукумат ироа мекунем. Ин ба буҳрони ҷаҳонӣ марбут аст, дар бисёри кишварҳо ин мушкил ҷой дорад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оворагиву дарбадарии амонатгузорон аллакай бонкхоро аз бовари баровард.
Посух додан
  • Ироазода

  • 1 декабр 2016 14:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеееееее ! Боварӣ дорам, ин бонкҳо ояндаи нек доранд”- гуфтани шумо мушаххас нест. Дар бонкхо кариби 1 сол рохбарони муваккати кор мекунанд, ки хол бадтар шуду хуб не! Дар Хоруг аз пушти мушкилоти бонк чанчол бо одамкуши анчомид. Депутатхои интихобшуда гуми гум..............
Бонкхо аз боварии мардум баромаданд. Факат ваъдабози.
Посух додан
  • Аҷал

  • 1 декабр 2016 14:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ғайри ваъда боз чи доред, барои фиреби мардум?!...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бонкхо хозирхам хуб хастан инчо муштарихо ояндаи хубро дар хоб мебинанд
Посух додан
  • ном

  • 1 декабр 2016 17:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кучо нагз мешавад касе аз масъулин парво надорад боз гап мезанен агробанкда 5мох мешавад 5хазор сомон гирифта намешавад айбаст пули худро гирифта наметавонем бад аз хорич гап мезанем ки пул наметан дар кишвари худамон пуламонро наметан кучо мурочиат карданамонро намедонем пул нест кам дузди кунана масъулини ин банкхо варам кардан камтар кисоошона дар банко монан
Посух додан
  • ном

  • 1 декабр 2016 17:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз кучо хуб мешава тамомш кардан холо хуб меша
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Нурмухамадзода! Мо мардуми точик хамеша ба оянда нияти нек дорем, аммо нияти неки мо тули 25- сол ичро нашуд. Холо нисбати ин се бонк нияти нек пешниход мекунед, дар холе ки ягон ояндаи нек дида намешавад ва хатто шумо низ ваъда карда наметавонед. Афсонаи хазору як шаба накл мекунед, дар холе ки кормандони баландпояи ин бонкхо худ ба мо ояндаро бад муарифи мекунанду ва мегуянд суратхисобхои худро аз ин бонкхо ба дигар чо баред ки оянда хуб нест. Чаро мардумро фиреб медихед Зухуров холо хам хаёл мекунад, ки бовариие ба бонкхо мондааст? Аз кучо бовари, мо хатто пишаки худро ба бонкхо алакой бовар намекунем. Агар шабу руз дигар реклама кунед, мо дигар бовари ба бонкхо надорем.
Посух додан
  • Домулло Зиё

  • 1 декабр 2016 19:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хмм...гапа бинед-а дилу нияти нек кардан!!!! АМАЛ,АМАЛ,АМАЛ!!! АМАЛ КАРДАН ДАРКОР
Дар ростои мушкилихои Точикистон то асри 22 дили нек,гурдаи нек,чигари нек,нияти нек,дуои нек кунем хам, мушкилихо хамоно халношуда боки мемонанд!!! Хеч руи халро нахоханд дид!!!
Посух додан
  • Салим

  • 1 декабр 2016 21:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бачохо як хабари хуш. ТСБ хамаи маоши модару падарамро аз корти пластикиашон дод. бовар куне хамаашро. отам гуфт ки худо хохад пулои депазиторам метан. мусафеди падар дилш гарм шидай бо )))Самира,
Посух додан
  • Сиёсатшинос

  • 2 декабр 2016 08:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародари мӯҳтараму Банкири арҷманд! Шумо ба суоли вакилони Маҷлиси намояндагон бо як писханде ҷавоб додед, ки бонкҳо ояндаи нек доранд. Леки ин ҷавоби Шумо ҳеҷ гоҳ қонеъкунанда набуда зери суоли калон аст.
Посух додан
  • Имомова Барно

  • 26 август 2017 17:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Райси мухтарам аз шумо хохиш мекунам ки бонки шумо умеди охирини ман мебошад. Мухтарам райс илтимос ба ман кумак кунед . Ман аке аз дипозитдорони ТОЧИКСОДИРОТБОНК мебошам . Ман шартомаи худро бо вайхо кат кардагиям, аммо онхо суми маро додан намехохад. Маро даводестанд. Дар ин мамлакати худамон ягон давладори аст, ки ба халки бечора кумак кунад. Ман як зани танхо мебошам илтимос човаби маро гардонед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!