Таъқиби афроди намозхону ришдор дар Туркманистон
Мақомоти амниятии Туркманистон шаҳрвандони намозхон ва ришдори ин кишварро таъқиб мекунанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои як муҳоҷир бо номи Азат хабар додааст.
Азат гуфтааст, кормандони мақомоти амниятӣ ӯро аз фурудгоҳи Ишқобод то деҳааш ҳамроҳӣ ва хостори тарошидани ришаш шудаанд. Ин муҳоҷири туркман афзудааст: “Дар охир кормандони мақомот маро ба ҷурми нақзи қонунҳои Туркманистон гунаҳкор карда, ришҳоямро тарошиданд ва таҳдид ба ҳабс карданд. Баъди ин қазия Туркманистонро ба қасди Туркия тарк кардам”.
Як корманди давлатии Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, бо далели намозхонӣ аз вазифааш барканор шудааст. Ба қавли ӯ, чанд бор аз маҳалли кораш ҳушдор гирифта буд, ки дигар намоз нагузорад. Ӯ, ки ҳоло дар Туркия зиндагӣ мекунад, ба “Азатлык” гуфтааст, кормандони амнияти миллӣ баъди он ки пурсидаанд кадом навъи маводи динӣ дошта, аз кадом гуруҳи динӣ тарафдорӣ мекунад, ба хонааш омада, Қуръон ва китобҳои дигари диниро мусодира кардаанд. Дар пайи таъқиботи зиёд ӯ низ ба Туркия муҳоҷир шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |