Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 феврал 2017, 19:35

Узбакистон: Натоиҷи интихоботи президентӣ баъди зуҳр эълон мешавад

5 декабр 2016, 09:45

Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон баргузоршуда эълон шуд.

Расонаҳои ин кишвар аз қавли Комилҷон Одилов, раиси Комиссияи марказии интихобот менависанд, рӯзи гузашта, 4 декабр 17,69 миллион ё 86,62 дарсади мардуми дорои ҳаққи раъй ба нуқтаҳои овоздиҳӣ рафтаанд.

Одилов гуфтааст, дар ҷараёни интихобот тақаллуб дида нашудааст ва натиҷаи муқаддамотии интихоботи имрӯз, 5 декабр соати 4-и маҳаллӣ эълон мешаванд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон се моҳ баъд аз марги Ислом Каримов, нахустин раисҷумҳури ин кишвар, ки дар синни 78 даргузашт, баргзор шуд.

Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Узбакистон аз ҳизби либерол-демократ аз бозигарони меҳварии ин интихобот гуфт мешавад. Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов - намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров – намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Узбакистон аз номзадони дигари мақоми раисҷумҳурии Узбакистон мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ман

  • 5 декабр 2016 10:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ма бо итминон метавонам худро тахлилгари масоили сиёси ном гирам ва дурусту дакик пешгуи намоям, ки бо ба даст овардани тацрибан 80 фисади овозхо Шавкат Мирзиёев пирузи ба даст овардааст. Соати 4 ра нигох накунеду хамин маълумоти тахлилгари умури сиёсиро пахш намоед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!