Бахшҳо

Нигаронии прокурор аз бебарқӣ ва пулгирии худсаронаи "Барқи тоҷик"

Хайрулло Саидзода, додситони шаҳри Душанбе ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт гузориш дод, ки омодагии шабакаҳои барқ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017-ро санҷидаанд ва он нигаронкунанда мебошад.

Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласа таҳти раёсати Убайдуллоев додситони Душанбе аз таъмин нагардидани дастрасии муназзами сокинони пойтахт ба қувваи барқ интиқод намуд. Ӯ афзудааст, ки бархе аз масъулини шабакаҳои барқи Душанбе, ниҳоди тобеи “Барқи тоҷик” бо сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ маблағҳои пардохткардаи муштариёнро аз худ кардаанд: “Бархе аз нозирони барқ худсарона нишондиҳадаҳои ҳисобкунакҳои барқии муштариёнро тағйир додаанд. Аз рӯи ҳодисаҳои ошкоршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд”.

Дар пайи гузориши прокурор Убайдуллоев омодасозии 1242 биноро барои қабули гармӣ, ки аз он 1082 ададашро биноҳои истиқоматӣ ташкил медиҳанд, зарур хонда, афзудааст, ки он бояд пайваставу пайгирона зери назорати қатъии раисони ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи хизматрасон қарор дода шавад.

Раиси Душанбе инчунин Асадулло Раҳимзода, директори ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»-ро муваззаф кардааст, ки барои расидагии саривақтӣ ба муроҷиатҳои муштариён теъдоди мавҷудаи телефонҳои бовариро бештар кунад. Убайдуллоев аз мақомоти прокуратура хостааст, иҷрои ин дастур ва раванди хизматрасониҳоро аз ҷониби ниҳоди зертавозуни ШСХК «Барки Тоҷик» ба сокинони шаҳр зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷамила ва сардори Раёсати маорифи шаҳр Фақеров Ҳамидулло супориш гирифтанд, ки давоми як ҳафта муассисаҳои маориф ва тандурустиро бо гармӣ таъмин намоянд.
Мӯҳр
Хушнуд
Хазорон рахмат ба Хайрулло Саидзода, дар нохияи Фирдавсии Шахри Душанбе вокеан ракамхои хисобкунакхоро тагир додаанд. Мардум хеч илоч надоранд, ки чи кор кунанд. Инчунин бо бахонаи он ки хисобкунакхои бархехо гуё кухна шуда бошанд ва дар ким кадом апарати электоронии дигар намехонанд. Хисобкунакхоро худсарона ва бе огохии шахрвандон насб намуда, пеш аз насб кардан алакай хисобкунакхо то 200 , 300 сомони маблаг кор кардаги хастанд. Ва касе ба доди касе намерасад. Ин суханхои прокурори мухтарам дарди чомеа аст, Ташаккур!!

Солим
Мактаби раками 1, ки дар маркази шахри Душанбе вокеъ аст тамоман бо гарми таъмин нашудааст. Хонандахо бо куркахои гавс дар синфхонахо мешинанд. Чаро масъулони мактаби мазкур ба зимистон омадаги надидаанд? Раёсати маорифи шахр як ин мактабро тафтиш карда бароед

Борон
50 фоизи Мактабхои шахри Душанбе хамингунаанд, дар дехот ангишту хезум алов мекунанд, дар шахр на гармидихаки барки аст, на оби гарм хиччи!!!

Шайх
Саидзода Хайрулло бехтарин кадри макомоти прокуратура мешад чош дигар чо хай

дар мактаби 1, хонандахо бо курпа!!!! ана пешрави дар мактабхо, кори нест дар саераи ба ном Замин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)