Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 22:28

Исроил ба кӯдакони маъюби тоҷик аробачаҳои истеҳсоли “3D” медиҳад

7 декабр 2016, 11:30

Ширкати исроилии “Keter Plastic”, ба кӯдакони маъюби Тоҷикистон сандалии чархдори махсус мефиристад, ки сабуку арзон мебошанд.

Пабло Каплан, муовини иҷроияи пешини раҳбари ин ширкат ва Чава Ротштейн, ҳамкори ӯ ба пойгоҳи хабарии “ISRAEL21c” гуфтаанд онҳо дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдшт, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Сандуқи байналмилалии кӯдакон иттилоъ ёфтаанд, ки дар саросари ҷаҳон 7 миллион кӯдак ба сандалии чархдор ниёз дорад.

Ба навиштаи манбаъ ин сандалиҳои кӯдакони маъюб аз сӯи ширкатҳои “Ziv-Av Engineering Group” ва “Nekuda Design Management” дар принтерҳои бузурги “3D” бо қиммати сад доллар барои 1 сандалӣ тавлид шудаанд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон қарор аст ин сандалиҳо ба кишварҳои Перу, Эфиопия, Ҷумҳурии Доминикан фиристода мешаванд. Инчунин барои кӯдакони паноҳандаи Сурия низ ихтисос дода шудаанд.

Пабло Каплан, гуфтааст: “Масъалаи меҳварӣ ин аст, ки сандалиҳо ба кӯдакон шароит фароҳам мекунанд, ки онҳо ҳаракат кунанд. Дар ғайри сурат онҳо наметавонанд ба мактаб ва ҷомеа дастрасӣ дошта бошанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додари Ман майюб мебошад синашба 19 расидааст.У интизор шавад вайба медихан.е не илтимос чавобашро нависед.Ба кучо мурочиат кунем.
Посух додан
  • Правда

  • 7 декабр 2016 14:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаашро хешутабори мансабдорон мегиранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Даркор нест!!!! Хамаша обратно рои кунед ба исроил.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фанди тифли гушна бо як тикка нон
Мушкиле набвад барои хочагон

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!