Нашри аксҳои гаравгонгирони писари мансабдор барои 100 ҳазор $
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 6-уми декабр гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода, бо роҳи гаравгонгирӣ хостаанд маблағи калони пулӣ ба даст оранд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тахминан соати 07:30, яке аз аъзоёни ин гурӯҳ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб худро ба писарбачаи 17-сола ҳамчун шиноси падараш муаррифӣ карда, изҳор доштааст, ки то мактаб бо автомашинааш тамғаи «ДЭУ ТИКО» бурда мерасонад: “Ноболиғ ба суханҳои ӯ бовар карда, ба автомашина савор мешавад. Пасон, ин аъзои гурӯҳ ноболиғро ба тарафи яке аз биноҳои истиқоматии маҳаллаи шаҳри Турсунзода, ки дар он ҷо аъзои дигари ин гурӯҳ, яъне ҳамсари ӯ интизор буд, оварда, дар якҷоягӣ ӯро маҷбуран ба дохили бино медароранд. Сипас, онҳо дасту пойи писарбачаро бо коғази ширешшуда (скоч) баста, ҳаммаслаконашонро ба назди худ даъват менамоянд”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи рабудани ноболиғ гурӯҳи ҷиноятпеша ба падараш занг зада, барои озод кардани писараш 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамоянд: “Пас аз ба Вазорати корҳои дохилӣ ворид гардидани ахбороти дахлдор, оиди ҳодисаи гаравгонгирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, амалиёти махсус амалӣ карда шуд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, зимни амалиёт ки соати 23:30-и 6-уми декабр гузаронда шуд, 3 гумонбари ҷинояти гаравгонгирӣ дастгир гардида, 1 нафари онҳо ҳангоми озод намудан ва ҷой доштани таҳдид ба ҷону саломатии ноболиғ безарар гардонида шуд: “Ноболиғи ба гаравгон гирифташуда, бе бардоштани зарари ҷисмонӣ озод карда шуда, ба волидайнаш баргардонида шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи шаҳрвандон ва кормандони мақомот касе осеб надидааст”.
Манбаъ илова намуд, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд. Гуфта мешавад, ноболиғи рабудашуда писари собиқ натариуси шаҳри Турсунзода будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |