Бахшҳо

Ҷавонони Душанбе зидди паҳншавии СПИД ва нашъамандӣ

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар чорчӯби қарорҳои марбутаи ҳукумати кишвар ва ҳукумати пойтахт ва дар доираи амалиёти моҳонаи  “Ҷавонони пойтахт бар зидди паҳншавии ВИЧСПИД” давоми як моҳи охир  чорабиниҳои мухталифро ба муносибати Рўзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории ВИЧСПИД миёни наврасону ҷавонони касбу кори гуногуни  шаҳри Душанбе баргузор намуда истодааст.


Дар ин бора Дилшод Қурбонов, сардори раёсати мазкур ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод. Ӯ мегӯяд, бо ин мақсад дар пойтахт озмунҳои  расми беҳтарин зери унвони  «Мо насли хушбахти замонем»,  мақолаи беҳтарин  дар мавзўи «Мо ҷавонон бар зидди паҳншавии ВИЧ/СПИД муттаҳид мешавем» ва иншои беҳтарин дар мавзўи «Ҷавонон ва ҷомеаи солим» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт эълон гардид, ки дар маҷмўъ 500 нафар хонандагони синфҳои болоии МТУ  пойтахт дар он иштирок ва 800 мавод ба озмунҳо пешниҳод карданд.

Дар заминаи ин имрӯз, яъне 1 декабр чорабиниҳои маърифати иттилоотӣ таҳти унвони  «Асолати тандурустӣ - сарчашмаи солимии ҷомеа», «Оқибатҳои нашъамандӣ ва ВИЧСПИД», «Тарзи ҳаёти солимро таъмин месозем», мусобиқаҳои оммавию варзишӣ таҳти унвони «Варзиш гарави саломатӣ», аксияи умумишаҳрӣ таҳти унвони  «Худро аз СПИД эмин нигоҳ дор!» ва  чорабинҳои фарҳангию фароғатӣ  таҳти унвони «Мо насли солим» ҷамъбаст мегарданд.

-Мақсад аз баргузории чорабиниҳо ин пешгирии рафтору амалҳои номатлуб ба монанди нашъамандиву  бемориҳои сироятии ВИЧСПИД, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва дар ин замина бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, баланд бардоштани ахлоқи маънавии наврасону ҷавонон ва мебошад,- афзуд Қурбонов.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)