Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 22:01

Вазир ба аврупоиҳо: Ҷои нави ҳайкали Сино дар маҳаллаи 81 беҳтар аст

9 декабр 2016, 10:04

Муҷассамаи асосгузори илми тиб Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи боло насб шуда буд, ба маҳаллаи 81, қисмати ғарбии хиёбони А. Сино ба назди биноҳои нави Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад. Кӯчондани ин муҷассама дар доираи барномаи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба навсозии роҳҳҳо сурат мегирад ва миёни масъулини бонк дар ин масъала суолҳо пайдо шудаанд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, мавзӯи мазкур ахиран дар мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг бо Дебора Коузинс, директори шӯъбаи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба масоили муҳити зист ва рушди устувор баррасӣ гардид.

Орумбекзода ба суоли хонум Дебора Коузинс, ки оё ҳангоми кӯчонидани муҷассама арзиши фарҳангии он коҳиш намеёбад, изҳор доштааст, ки “муҷассама ба мавзеи нав бе расонидани зарар ба муҳити зист ва арзиши мероси фарҳангӣ кӯчонида мешавад. Инчунин мавзеи нави муҷассама дар масоҳати 2 га замин, ки аз гулзор иборат хоҳад буд, беҳтару мувофиқтар аст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • РОСТИН ш. Душанбе.

  • 9 декабр 2016 11:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бигузор хайкали нави Шайхурраис Абуали Сино ба вучуд оварда шавад. Магар, ин хайкал сазовори Синои бузург аст?!. Бигузор ин хайкалро дар даромадгои Донишгохи тибби, ки номи уро дорад, гузоранд, аммо дар андешаи офаридани хайкали нави у шавем. Наход хайкали Сино барин шахсияти бузург хамаги 10-12 метр бошад?
Мо точикон набояд фаромуш созем, ки аз Сино бузургтару маъруфтар, фарзанде, ки оламро бо дониш ва фахмиши худ ба ларза андохта бошад, надорем. У ягона намояндаи халкхои Осиёи Маркази мебошад, дар дунё як сохаи хеле мухим ба номи у ёд мешавад. Медидсина ба номи у марбут аст. Яъне, Мадади Сино. Аз ин ифтихори бузургтаре мешавад, ки ба унвони як фарзанди точик дар олам як сохаи бузургро шиносанд? Ин маънои онро дорад, ки точикон падари тиби чахонанд. Мешавад, ки хайкали падари тиби чахон 10-12 метр кад дошта бошад? Дар замони Шурави барои баланд кардани комати ин хайкал рохбарони вакт, яъне русхо ичозат надода буданд. Имруз барои ин корро анчом додан ягон монеае вучуд надорад. Бигузор хайкали баркади Сино дар яке аз хиёбонхои намоёни пойтахт аз нав комат афрозад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Банда харчанд тарафдори мучасамаву хайкалу бутхо нестам ,лекин кучонидани хайкали чунин шахси маъруф хатост!
Назди Карияи боло бехтарин чой аст ,чунки ин шахсе ,дар чахон бо илми тиб маъруфият пайдо кардааст ва эхтиромаш мекунанд ва посаш медоранд ,ва дар баробари ин боз милати форсу точикро номбаланд нишон медихад ,бигзор чояш назди ана хамин махал бошад аз назар пинхон накунед....
Хато агар имкон бошад дар фурудгоху ,дар вокзали рохи оханхам номашро хатхои заррин навишта бо мехмонхои хоричи нишон дихед..
Хар миллате,ки мехохад уро мардуми чахон бо неки ёд кунанду шиносанд ,бояд таърихашро пос дораду эхтиром кунад....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хабарнависи мухтарам сахт ХАТО кардааст(дар рузгори мо дигар ин як ходисаи маъмулист) пайкараи хакими бузургвор - Ибни на соли 1984, балки 1980, ба муносибати 1000-солалагии Шайх-ур-раис гузошта шуда буд. Он замон сармеъмори Душанбе Рустам Каримов(додари нависандаи чавонмарг Пулод Толис) буд, инчониб мухаррири шуъбаи адабии Кумитаи радиои Точикистон будам ва як хафтаи тамом хамрох бо Каримов гашта, бо коргоху шеваи рафтор ва услуби кораш ошно гардида очерки хонданбобу пухтайе навишта будам. Буали соли 980-зода шудаанд, аз ин ру 1000-и солгардашон 1980 буд, худ хофизаи таърихию масъулияти журналисти надоред, хонандаро гумрох насозед. Шумори обшори пояи пайкара хам 1000-то аст. Набераи 3-солаи ман медонад, ки ин бузургвор бобояш хастанд ва китобе, ки дар дасташон аст китоби "ШИФО" аст. Замоне пайкарара мекушоданд вакт нашуд хама таътамармархоро насб кунанд, бачояшон очил тахтакартонхо насб карда ранг карда буданд ва баъди чашну рукушоии пайкара тахтамармархоро насб намуданд. Сари интихоби чехраи Буали хели киссахост, устод Каноат боре дар як сухбат, аз истифодаи киёфаашон хангоми офаридани пайкара накли чолибе карда баданд. Буали бедору халки Буали бедор не! ХАР БОШ ДАР ИН ЧАМАА К_АЗ ФАРТИ ХАРИ, ХАР КИ НА ХАР АСТ, КОФИРАШ МЕХОНАНД!!!!!!!!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!