"Ҳар куҷо шодаму шодоб ба ёди Ватанам". Таронаи нави Баҳром, Меҳринигор, Зайнура ва Тобиш (ВИДЕО)
Баҳром Ғафурӣ, Меҳринигори Рустам, Зайнура Пулодова ва Тобиш Ҳилолӣ, овозхонҳои шинохтаи тоҷик таронаи муштаракеро сабт кардаанд.
Ин суруд “Дар ёди Ватан” ном дошта, дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистону маблағгузории намояндагии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират таҳия шудаааст.
Намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон бо нашри навори он дар Ютуб навиштааст, “ин тарона ба муҳим будани муттаҳидӣ дар муҳоҷират, нақши диаспораҳои тоҷик дар хориҷа ва фаромӯш накардани Ватан даъват мекунад”.
Ин суруд бо мисраҳои
“Ман ки марди сафарам, ҳамсафари ман ҳунарам,
Ҳунари ман сипарам кони зарам, тоҷи сарам.
Ҳунари тоҷварам бар ҳама дунё бубарам,
Ҳунари нав ба Ватан ҳадяи ман аз сафарам.
Ҳар куҷо шодаму шодоб ба ёди Ватанам,
Ҳар куҷо ташнаву ношод ба ёди Ватанам...”
оғоз шуда, дар навори он чеҳраҳои саршиноси тоҷик, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият мекунанд, намоиш дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |