Дониёли Беҳрӯз, донишомӯзи тоҷики муқими Эрон дар мусобиқоти навҷавонон дар риштаи варзишии каратэ-киютишан соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид.
Ин мусобиқот ахири ҳафтаи гузашта бо ҳузури садҳо нафар аз варзишкорони донишомӯз дар шаҳри Машҳад баргузор шуд. Тибқи иттилое, ки алъон ба хабаргузории «Озодагон» расидааст, Дониёл талабаи соли 5-уми дабистон (синфи 5-ум) дар шаҳри Машҳад буда, 2 сол қабл аз ин ба машқи варзиши каратэ оғоз кардааст. Ҳамватани кӯчаки мо бо ширкат дар ин мусобиқа нахустин нишони тиллоро дар фаъолияти варзишиаш ба даст овард.
Маврид ба ёдоварист, Дониёл фарзанди Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, шоир ва рӯзноманигори тоҷик аст.
Мӯҳр