Бахшҳо
10 дек 2016 12:03Тоҷикистон / Тема дня

“Барқи тоҷик”: Оид ба риоя нашудани таъминоти барқ хабар диҳед

“Барқи тоҷик” реҷабандии маҳдудияти барқ ба навоҳии кишварро се соат камтар кардааст.

Дафтари матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ин иқдом аз имрӯз, 10 декабр дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар зимни маросими баҳрабардорӣ аз навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” роҳандозӣ мешавад: “Пешвои миллат дастур доданд, ки таъминоти барқ барои он минтақаҳои кишвар, ки дар доираи маҳдудият барқ мегиранд, ба миқдори се соат зиёд карда шавад”.

Ба иттилои манбаъ, “Барқи Тоҷик” бо истифода аз шароиту имконияти истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ интиқоли барқро зиёд кард: “Акнун минтақаҳо пагоҳӣ аз соати 05:00 то 10:00 ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то 22:00 барқ мегиранд”.

Дар зимн, “Барқи тоҷик” аз муштариён даъват кардааст, ки барқро сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи онро сари вақт пардохт намоянд ва оид ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо бо шумораҳои 235-86-74; 235 86 84 ва 610-60-50 ба ин ниҳод хабар бидиҳанд.
Мӯҳр
андозсупоранда
Бо шунидани хабари зиёд шудани меъёри тақсимоти барқ ба минтақаҳо хело шод шудем. Аммо ин шодиямон дер давом накард. Номи зиёдшуданаша шунидем, аммо онро надидем. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ ним соат зиёд карданд!

Аз дасти контролерхои Барки точик безор шудаам. Охири хар мох маблагро месупорам, баъди як хафта контролер боз омада, пул талаб мекунад. Мегуяд ки вай бояд " план" - ро супорад, вагарна бекор мемонад. Мо ба план ва " доля"- и раисони онхо чи дахл дорем?????

Мухаммад
рахмат ба пешвои милат ки дар фикри халку милати худ хаст бошад ки хамеша ба мардум сабукихои пайдар пай дихед.

Бе барк
Ина аз якум руз соати 17 гузашт бад додан бо соати 20 чил дакика гузашт хомуш кардан чи хел як бора кам шидак бо?

Дар нахияи Мастчоҳ лимит барои камбағолҳост. Бовар намекунед баъди соатҳои 22:00 бинед.

Хамин ракамхои ки барки точик ба муштариён мондаанд кадом сохатхо фаъол бошанд??????????????????????????????

салимбой
озодагони мухтарам! кани шумо як бор пурсен барои чи дар хамин хунукихо ду шабонаруз аст ки барк несту боз ягон кас хам акалан хабар намегиранд????? ин дар чамоати мирзо турсунзода, Ленинград, чойхона ва чорсу то дохили нохия... ягон каса ба дод намерасад хатто барки точик.. кани шумо як тахкик кунед шояд мардум аз азоб рахо шаванд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)