Бахшҳо
12 дек 2016 11:10Тоҷикистон / Тема дня

Пешниҳоди ҳукумат барои ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 12 декабр дар ҷаласаи Шӯрои ин ниҳод масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии кишварро баррасӣ намудаанд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” гуфт, дар ҷаласаи имрӯз, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, тибқи лоиҳаи қонун моддаи 289-и Кодекси ҷиноятӣ бо мақсади пешгирии қочоқи молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ, таҳкими рақобати солим дар бозори дохилӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли ватанӣ, мувофиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ бо кирдорҳои шахсони бо қочоқи молу маҳсулот машғулбуда, инчунин зиёд намудани воридоти маблағҳо ба буҷет дар таҳрири нав пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ”-и Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)