Бахшҳо

Шарифзода: Аълоҳазрат Оқохон болотар аз як инсони ренессонсӣ аст

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва бунёдгузору сарвари “Шабакаи тавсеаи Оқохон” 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст. Замоне, ки ҳанӯз дар донишгоҳи Ҳарвард донишҷӯи риштаи таърихи Ислом буд, бар тахти имомат нишаст. Ин шахсияти ҷаҳонӣ имсол 13 декабр ба синни мубораки 80 мерасад. Дар робита ба ин сана “Озодагон” дар мавриди шахсият ва фаъолиятҳои Оқохон бо Меҳмоншо Шарифзода, донишомӯхтаи Донишгоҳи мутолеоти исмоилӣ суҳбате анҷом дод.

Озодагон: Ҳарчанд бештари шаҳрвандони Тоҷикистон бо номи Оқохон ошноянд, аммо шинохти комил аз шахсият ва корҳояш ба гунаи лозим мушоҳида намешавад? Аз ин рӯ нахуст мехостам бипурсам, ки аз назари шумо Оқохон чӣ шахсиятест?

Меҳмоншо Шарифзода: Аслан дар ин пурсиш мафҳуми “шинохти комил”, дар нисбати шахсияти Алоҳазрат Оқохон дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, аҷибу ғариб аст. Аз як тараф, ин табиист, ки шинохти комил нест ва каманд касоне, ки шинохти комил дошта бошанд. Зеро, аз рӯи маъние, ки дар фалсафа, ирфони Исломӣ ва инчунин фалсафаи нав инкишоф додаанд шинохти комил ҳамон вақт мешавад, ки дониш ва таҷрибае аз ҳад ва мартабаи шахсияти мухотаб ва ё ҳадди ақал шинохте аз ҳолу мақомаш аз рӯи китобҳо дошта бошӣ. Шинохти шахсияти рӯҳонӣ ва маънавии Алоҳазрат, ки асли шинохти комил метавонад буд ба суҳбате хос ниёз дорад.То ҷое шинохти комил дар муҳити фарҳангӣ ва имонии мардуми Бадахшон аз шахсияти Алоҳазрат вуҷуд дорад. Ва шинохтҳо вобаста ба ҳудудҳои донишу таҷриба ва мартабаи инсонҳо фарқ мекунанад. Масалан халифа Шоикалон, яке аз донишмандон ва наберагони Пирҳои Бадахшон, дар суҳбатҳои худ бо шунидани ҳатто номи ниҳодҳои Аълоҳазрат то охири суҳбат гиря мекард. Воқеан саршори ишқ ва имон буд....Аз дигар тараф, барои шахсияти Алоҳазрат Оқохонро шинохтан дунёи мураккаби имрӯзро дар раванд, дар ҳаракат ва тағйирёбиаш бояд шинохт то фаҳмида бошем, ки чи гуна шахсияти фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳаст. Мутассифона, дар ин ҷомеа роҳҳои субект ё шахсиятсозӣ харобанд ва шахсияту мақом ихтироъ карда мешаванд ва инчунин шинохти дунёи пӯё дар ҷомеаи мо заиф аст. Гуфтаниам, ки шахс ва ҷомеа худ бояд пӯё ва то ҷое пешрафта бошанд то шинохти комили чунин шахсияте имкон дошта бошад. ...

Бо ин ҳама, ҳанӯз дар Тоҷикистон каманд касоне, ки Аълоҳазрат Оқохонро нашиносанд. Дар Тоҷикистон мардум бо ному кори Алоҳазрат дар як давраи даргириҳои сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодӣ - иҷтимоӣ шинос шуданд. Чи гунае, ки Мавлоно дар яке аз маҷлисҳои худ мегӯяд “ёри шаби ғам ёри иллоҳӣ бошад”, дар он лаҳзаҳои душвор, ки ҳукумат дар Бадахшон чархи панҷуми ароба буд, ниҳодҳои Алоҳазрат бо ёрии башардӯстона ва беғаразонаи худ чандин сол мардумро дастгирӣ карданд ва ҳоло ҳам ин раванд вуҷуд дорад. Боз ҳам Мавлоно ин маъниро инкишоф дода аз он ҳамчун “меҳри беғараз” ёд мекунад, ки он ба фикри Мавлоно “риштаест, ки ҳаргиз гусаста нашавад.” Гузашта аз ин ниҳодҳои Алоҳазрат барои барқарор кардани ҳаёти шикастаи мардум, баъди пош хӯрдани Шӯравии собиқ, кӯмаки молиявӣ ва омӯзонидани донишу таҷрибаи навро дареғ надоштанд то қисмате аз аҳолии мамлакатро ба пой хезонданд. Ин амале буд, ки дар раванди будани сулҳ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Алоҳазрат бо ташкили ба истилоҳи Пол Рикёр “ниҳодҳои одилона”, ки ба арзишҳо ва ормонҳои баланди Исломӣ такя мекунанд, дар мамлакатҳои ҷангзада, буҳронӣ ва рӯ ба тараққии дунё ба барқарор кардани муҳити фарҳангӣ ва ҳаёти шикастаи мардуме, ки зиндагии онҳо зери рӯйдодҳо ва воқеаҳои табии ва сиёси - иҷтимоӣ хароб гаштааст, сару кор доранд. Воқеан худогоҳии амиқи ҷамоати Исмоилӣ, оғӯши бози онҳо ба навигариву дигаргуниҳо ва созандагӣ аз солории амиқи Алоҳазрат дарак медиҳанд, ки барои дигар сиёсатмадорони имрӯзаи дунё сахт омӯзандаанд. Баъзан аз шахсияти Алоҳазрат ҳамчун шахсияти эҳёгар ё ренессансӣ ёд мекунанд. Ба назари ман Оқохон болотар аз як инсони эҳёгар аст. ... Фурсате хуб аст, ва шуморо, мардуми Бадахшонро ва кулли муридону мухлисони Алоҳазрат Оқохонро, самимона бо рӯзи мавлуди Алоҳазрат, ки ҳафтаи оянда, сездаҳуми декабр ба синни мубораки ҳаштод мерасанд табрик ва муборакбод мегӯем.

Озодагон: Ин гап аз даҳони Латифи Пидром сар зад, ки ҳадафи Оқохон бунёд намудани “Бадахшони бузург” аст. Дар доираи коршиносии Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад, ки бархе аз онҳо ба ҳамин фарзия розиянд. Шумо, ки ба ниҳодҳои пажуҳишӣ ва ақидатии Оқохон наздикед ва ошноӣ доред, дар ин масъала чӣ мегуед?

Меҳмоншо Шарифзода:
Аслан, мантиқи ин гуна гуфтугӯ ё бофтани афсонаҳои сиёсӣ бо табиати ва фалсафаи кории пажуҳишгоҳ, донишгоҳ ва ниҳодҳои Аълоҳазрат Оқохон мувофиқ нестанд. Ин афсонаҳо ба куллӣ муқобили он сиёсати созандагист, ки ниҳодҳои Аълоҳазрат дар ҳар ду тарафи соҳили Панҷ машғул буданд ва ҳастанд. Воқеан, имрӯз дар минтақа чун дар давраи “бозиҳои бузург”- и машҳур, ки байни Бритониё ва Русия дар охири асри нуздаҳум ва ибтидои асри бистум даргириҳои сиёсӣ вуҷуд дошт, байни Чин ва Русия бо ҳамроҳии давлатҳои блоки (иттифоқи) Шонхой аз як сӯ ва аз сӯи дигар Амрико дар якҷоягӣ бо давлатҳои блоки НАТО, зери шиорҳои “ҷанг бо террор ва бунёдгароӣ”, паҳн кардани арзишҳои демократӣ ва либеролӣ” ва ё “барқарор кардани роҳи абрешим”, хусусан баъди воқеаҳои сентябри 2001, ки дар асл пайи манфиатҳои худанд,‘бозиҳои бузург’ -и нави сиёсӣ оғоз гардидаанд. Гуфтугӯи ташкили “Бадахшони Бузург”-ро дар рузҳои воқеаҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ, шоири маъруф Абдулатиф Пидром ва Фавзия Куфӣ, ҳар ду намояндагони Маҷлиси Афғонистон дар суҳбатҳои худ атрофи воқеаҳои Хоруғ оғоз карда буданд. Ба фикри онҳо Амрико ва Бритониё мехоҳанд минтақаҳои Гилгит, Читроли Покистон ва Бадахшони Тоҷикистону Афғонистонро дар якҷояги ба минтақаи тоҷикнишини Чин, ки қариб ҳама мардуми Исмоилимазҳабанд бо ҳам оварда як давлати Исмоилӣ ташкил кунанд. Мутассифона, ин афсона аз тарафи коршиносони Маркази Таҳқиқоти Стратегии Тоҷикистон ҳам дастгирӣ ёфта буд. Пеш аз ҳама далели афсона будани ин гуфтугӯ ба хусус дар нисбати мардуми Бадахшон ин аст, ки воқеан Алоҳазрат Оқохон дар солҳои сахттарини Тоҷикистон шахсан ва бо ниҳодҳои ғайридавлатии худ вориди Тоҷикистон шуд ва ба мардум дасти кӯмак дароз кард. Дигар ин, ки Оқохонҳо ба арзише қоиланд, ки пайравонашон дар кадом давлат, ки набошанд бояст, ки беҳтарин шаҳрвандони он давлат ва ба ҳукумат содиқ бошанд. Ин гуфтугӯ собиқаи пешин ҳам дорад, ки дар давраи Бозиҳои Бузург дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20, ки Руссияи подшоҳӣ ва Бритониёи Кабир барои манфиатҳои худ ин хиттаро тақсим кардани буданд афсарони рус эҳтимолияти ташкили давлати Исомоилиро дар назар доштанд. Масалан, Барон Черкасов дар мактуби худ аз 3марти 1906 дар бораи хавфи ташкили чунин давлат қайд карда буд, ки бо дастгирии англисҳо Оқохон, дар назар доштанд Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони III(1877 -1957) –ро, метавонад давлати дунявӣ ташкил кардан, ки метавонад бар зарари русҳо бошад. Баъдтар барои русҳо ҳам яқин шуд, ки барои Оқохон осудаҳолии пайравонаш болотар аз манфиатҳои абарқудратҳо меистад. Аслан ин масъала дар нисбати Алоҳазрат Оқохони IV, ҷои баҳс нест вале бояд қайд кард, ки феврали 1989, вақте рӯзноманигори ҳинду аз Алоҳазрат савол кард, ки “оё мехоҳад барои ҷамоати худ давлате мустақил ташкил карда бошад?”, ҷавоб дод, ки “На, ин чизест, ки ман қатъан инкор мекунам”....

Озодагон: Ба назари шумо Аълоҳазрат Оқохон аз сиёсат дур аст?

Меҳмоншо Шарифзода: Ба назарам сиёсатро ҳар гуна мефаҳманд ва ҳастанд мардуме, ки тамоман намефаҳманд вале худро сиёсатмадор медонанд. Воқеан имрӯз сиёсат ба як санъати ваъдабозӣ, ҳарф задан ва ба бозии расидан ба қудрат ва боз онро аз даст додан табдил ёфтааст, ки дар ин миён, сиёсатмадорон вазифаи асосии худ, ки сохтани ҳаёти мардум ва расидагӣ ба мушкилоти мардум аст, фаромӯш мекунанд. Онҳое, ки воқеан ба сиёсат машғуланд ин калимаро кам ва ё умуман истифода намебаранд. Бубинед, дилхоҳ нутқ ё гузориши Аълоҳазрат Оқохонро нагиред саршор аз мафҳумҳое мисли ‘инкишоф’, ‘демократия’, ‘ҷомеаи шаҳрвандӣ’, ‘шароити зисти ниёзмандон’, ‘новобаста ба нажод, ҷинс ва дин’, ‘гуногунандешӣ’, ‘гузариш’, ‘модернизатсия’, ‘беҳтар кардани сифати ҳаёт’,‘маориф’ ва садҳо мафҳум ва маъниҳои дигари созанда истифода мешаванд, ки дар баробари камбағалӣ, ноумедӣ, ҷангҳои мазҳабӣ ва этникӣ ва дигар маризӣ ва мушкилиҳои инсоният истифода мешаванд. Ин ҳарфҳо фақат гуфта намешаванд, балки дар ҳаёт амалӣ мешаванд. Ба назарам сиёсат ва сиёсатшиносӣ имрӯз ба маъниҳо ва ҳастии дигар ниёз доранд. Дониш ва таҷрубаи ниҳодҳои Аълоҳазрат дар дигар кардани сифати ҳаёти мардум, ва муносибати ӯ ба давлат, як масъалаи муҳими дигарро равшан мекунад, ки имрӯз ‘миллат” ва “давлат” худ ба худ ё ҳамчун назария ҳеҷ коре кардан наметавонанд, балки зарфиятҳои сиёсие ҳастанд, ки воқеан ба як ҳаракати созанда ниёз доранд. Мутассифона, ҳастанд сиёсатмадороне, ки ба ҷои сохтани ин зарфиятҳо мардумро қурбони ин назарияҳо мекунанд. Худ амали ниҳодҳои Аълоҳазрат Оқохон, дар ҳар кишвари дунё, ки фаъолият надошта бошанд, сиёсати фазосозист, ки боиси тавлиди қишри миёнаи ҷомеа мешавад ва ин қудрати воқеии миллат ва давлат аст.

Озодагон: Шумо фориғутаҳсили Донишгоҳи мутолеоти исмоилӣ мебошед. Ҳар сол шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ин ниҳоди пажуҳиширо хатм мекунанд, аммо боз ҳам аксари мардум дар мавриди ин донишкада иттилои кофӣ надоранд. Дар онҷо чӣ мехонанд? Оё он ҳам мисли донишгоҳҳои дигар як институти маъмулӣ аст?

Меҳмоншо Шарифзода: Тарҳи ин пажуҳишгоҳ ҳам аз тарафи Аълоҳазрат Оқохон пешниҳод шуда ва дар ноябри соли 1977 дар Лондон ташкил ёфтааст. Дар пажуҳишгоҳ беҳтарин олимон, аз ҷумла Азим Нанҷӣ, Азиз Исмоил, Фарҳод Дафтарӣ, Сайидҷалоли Бадахшӣ ва дигарон , ки беҳтарин устод ва олимон дар соҳаи худ ҳастанд ва дар ташкил ва пурқувват кардани пажуҳишгоҳ нақше бориз доранд, кор мекунанд. Ба назари ман ҳадафи муассисони ин пажуҳишгоҳ тарбият ва таълими наслест, ки дар умум бо фарҳанг, таърих ва тамаддуни Исломӣ ва ба хусус бо фаҳмиши Исмолии Ислом ошност ва инчунин дунёи нав (modernity) ҳам барои ӯ бегона нест. Гузашта аз ин пажуҳишгоҳ инсонҳоеро тарбият мекунад, ки рӯҳи дунёи навро хуб шинохта бошанд ва дунёи нави мустақили худро, дунёи алтернативии худро дар баробари дунёи ба истилоҳ ‘ғарбӣ’, ташкил кардан метавонанд. Чи хел, ки Азиз Исмоил зикр мекунад мақсад сифати нави ҳаёт аст, ҳаёте ки дар фарқият ба ҳаёти давраи нав ё мудерн, ақлониёт бо ахлоқ даст ба даст амал мекунанд. Ва ин ҳадафи барномаҳои таълимии донишгоҳро муайян мекунад, ин ҷо донишҷуён бо осори Ҳабермас, хусусан бо китоби “Гуфтугӯи фалсафии дунёи нав” (The Philosophical Discourse of Modernity)–и ӯ, Ҳайдеггер, Витгенштейн, Фукова дигар мутаффакирон, ки фикру биниши дунёи имрӯзро ташкил медиҳанд, шинос мешаванд. Дарсҳои дуктур Азиз Исмоил, ки фалсафаи дунёи навро хуб ворид аст, фикр ва ҷаҳонбинии донишҷуёнро ба чолиш мекашид. Мавлоно мисрае дорад, ки “Ҷаҳоне, ки нашуд обод ҳаргиз, Ба вайронкарданаш обод кардам”, воқеан дар ин дарсҳо ҷаҳонбинии солҳо шаклгирифтаи донишҷӯ шикаста мешавад то роҳҳои дуруст дидани ҷаҳонро аз худ карда бошад. Ин ҷост, ки донишҷӯ дуруст фикр карданро он сӯи “калимаҳои бузург”, ба истилоҳи устод Азиз Исмоил, одат мекунад. Доимо исрор мекард аз истифодаи “калима ва номҳои бузург” эҳтиёт кунед. Зикр кардан зарур аст, ки донистани забони инглисӣ, ки ҳама мавод, дарсҳо ва гузоришҳо бо ин забонанд барои донишҷӯ муҳим аст ва донишгоҳ ҳам ба ин диққати махсус медиҳад. Бояд гуфт, ки имрӯз дар донишгоҳҳои Тоҷикистон донистани забони инглисӣ дар факултаҳои улуми иҷтимоӣ барои устодан ва донишҷӯён бояд ҳатмӣ бошад, чаро ки бе донистани ин забон ба маводи навтарин, назарияҳо ва равишҳои нави таҳқиқ дастраси доштани номумкин аст. Пажуҳишгоҳ беҳтарин шароитро барои олимони ҷавон муҳаё кардааст, ки ба дарс додан ва инчунин ба таҳқиқот машғуланд. Масалан дуктур Суҳo Таҷи - Форуқӣ, ки ба мо аз “Ҷараёнҳои навин дар Ислом” дарс медод, дар муддати кори худ дар пажуҳишгоҳ китобҳои “Тафаккури Исломӣ дар асри бистум” ва “Зиёиёни имрӯзаи мусалмон ва Қуръон” - ро ба нашр расонид. Зиёданд олимони ҷавоне ки ба таҳқиқи масъалаҳои имрӯз, инчунин ба тарҷума ва нашри осори классикии исломӣ аз забонҳои арабӣ, форсӣ ва забонҳои дигар машғуланд. Дигар ин ки беҳтарин олимон дар улуми иҷтимоӣ ва инчунин фарҳанг ва таърихи Исломӣ ба донишгоҳ барои дарс ва инчунин барои гузориш додан даъват карда мешаванд. Масалан дар ҳамон рӯзҳои донишҷӯии мо профессор Ҳерман Ландолт аз Донишгоҳи Маккгили Конодо, ки дар бораи фалсафаи Ғаззолӣ дарс мегуфт ва профессор Муҳаммад Аркун аз донишгоҳи Сорбони Порис оиди антрополоияи иҷтимоии Исломӣ дарс мегуфтанд, даъват шуда буданд. Инчунин дарсҳои Фарҳод Дафтарӣ фаромушнашавандаанд. Албатта, ба ҷуз ин ки ёд кардем донишгоҳ боз бахшҳо, барнома ва тарҳҳои дигар ҳам дорад, ки воқеан ба таҳқиқ, таҳлил ва тарбият алоқаманданд ва барои ҳадафи аслии донишгоҳ хидмат мекунанд, ки ин ҳадаф иборат аст, аз шинохти фазои иҷтимои - сиёсӣ ва фарҳангии гузашта ва имрӯза ва тарбият ва таълими инсоне, ки ба чолишҳои нави вақт ва ҳаёт тобовар аст. Ва пажуҳишгоҳ мутахассисони соҳаи улуми Исломӣ ва инсониро таёр мекунад ва баъди хатми донишгоҳ донишҷӯён вобаста ба қобилият ва зарфияти худ ихтисоси ояндаи худро интихоб мекунанд ва барои идомаи таҳсил ба дилхоҳ донишгоҳи дунё метавонанд ҳуҷҷат супоридан.

Озодагон: Ниҳодҳои Шабакаи Тавсеаи Оқохон (AKDN) беш аз 20 сол қариб дар ҳамаи арсаҳо гирифта аз маориф, кишоварзӣ, тиб, тавсе ва чандин тарҳҳои дигар сармоягузорӣ мекунанд. Гоҳе сари муассир будани ҳамин кумакҳо як навъ баҳсҳое мешаванд. Шумо чӣ назар доред? Оё Тоҷикистон тавонист аз кумакҳои ин шабака истифодаи лозим кард?

Меҳмоншо Шарифзода: Албатта кӯмакҳои беғаразонаи ниҳодҳои Аълоҳазрат дар Тоҷикистон ба ҳама маълуманд, ки ҷои баҳс нест. Ин танҳо фурсате буд, ки имкон медод, ки мардум ва давлати Тоҷикистон дар пои худ рост истода бошанд. Ва барои дар пои худ рост истодан бо кумакҳои башардӯстона қаноат накарда, бояд аз дониш ва таҷрубаи созандаи ин ниҳодҳо истифода мешуд. Ба хусус дар маориф, ташкили соҳибкорӣ ва бонкдорӣ аз ниҳодҳои Аълоҳазрат бисёр чизҳоро омухтан мумкин буд ва ҳаст. Умуман на танҳо аз таҷрибаи ниҳодҳои Аълоҳазрат, балки аз дониш ва таҷрибаи давлатҳое, ки дар сохтани ҷаҳон ва ҳаёти мардуми худ муваффақанд ва муваффақ буданд. Воқеан, ниҳодҳои Аълоҳазрат, ки дар давлатҳои гуногуни дунё кор ва фаъолият кардаанд дониш ва таҷрубаи технологияи гузаришро аз як ҷомеаи буҳронӣ ба як ҷомеаи солим доранд, ки мардум ва давлати Тоҷикистон аз ин дониш ва таҷриба бояд истифода мекард ва меомӯхт. Ва чи гунае, ки гуфтаанд:

Дар кунҷи хона гар нарасад нури офтоб,
Дар хона монеъ аст , на хуршед мудхиласт.

Яъне, хуршед хасис нест, балки тақсир дар хона аст. Имрӯз ниҳодҳои Аълоҳазрат Оқохон дар сатҳи баланди созандагӣ қарор доранд ва бо фалсафаи илмӣ ва амалие мусаллаҳанд, ки онро дар сохтани ҳаёти мардум дар кишварҳои буҳронӣ ва ҷангзадаи дунё бомувафаққият таҷруба кардаанд. Дар ин кор ками дар кам ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро дар дунёи имрӯз метавон пайдо кард, ки бо ниҳодҳои Аълоҳазрат муқоиса кардан тавонем. Баромадҳо ва гузоришҳои худи Аълоҳазрат, ки дар маҳфилҳо, ҳамоишҳои гуногун ва ё дар муносибат ба ташкилиҳо, рӯйдоду воқеаҳои гуногун, ки дар қисматҳои гуногуни дунё кардааст худ тафсири амиқи ҳолат ва мушкилиҳои дунё вақт ҳастанд, ки роҳҳои ҳалли ин мушкилиҳоро ҳам нишон додааст. Гуфтан мумкин аст, дар фарқият аз онҳое, ки лофи демократия мезананд, вале дар мамлакатҳои буҳронӣ ва рӯ ба тараққӣ мушкилотҳоро боз зиёдтар мекунанд ва ҳатто ҷомеаҳои оромро ба мамлакатҳои ҷангзада табдил медиҳанд, ниҳодҳои Аълоҳазрат воқеан дар ин кишварҳои ҷангзада ҷомеаҳоро барқарор ва ҳаёти мардумро аз нав месозанд. Шинохтан ва истифода кардани ин фалсафаи илмӣ ва амалии ниҳодҳои Аълоҳазрат барои ҳар гуна давлате, ки дар ибтидои сухани ҷомеа ва ҷаҳони мардуми худ аст, аз манфиат холӣ нест.

Озодагон: Оқохон соли 1994 дар Донишгоҳи тикнулужии Масачусет дар дар бахше аз суханронии худ дар мавриди бархурди (encounter) фарҳангҳо, суқути Шӯравӣ, инқирози колониализм суҳбат мекунад ва бо ишора ба вазъи онрӯза Тоҷикистонро мисол мезанад. Мегӯяд дар Тоҷикистон се фарҳанги бузург бо ҳам рӯ ба рӯ омадаанд. Яъне, фарҳанги куммунистӣ, исломӣ ва ғарбӣ. Гуфтааст: “Ҳар кадоме аз ин се фарҳанг чизеро барои ҳалли мушкилоти Тоҷикистон доранд.” Фикр мекунед, ки оё Тоҷикистон он замон аз ҳамин чиз кор гирифт?

Меҳмоншо Шарифзода: Мутаассифона, бозигарони асосии воқеияти Тоҷикистон ин маъниро дарк накарданд. Воқеан ин ҳарфи Аълоҳазрат ишорат ба он сатҳест, ки Ҳуссерл аз он ба истилоҳи ҳаёт - ҷаҳон ёд мекунад. Яъне сатҳе, ки ҳама гуна арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳо дар ҳоли будананд, зеро мардум гуногунанд, чи гунае ки дар яке аз ояҳои Қуръонӣ ёд мешавад ва Алоҳазрат аз он дар бисёр маврид ёд мекунад, ки мо шуморо гуногун офаридаем то ба якдигар муносибат дошта бошед ва наздик шавед. Ҳамин фаҳмиш дар солҳои аввали ‘бозсозӣ’ ва ‘ошкорбаёнӣ’ дар Тоҷикистон дошт шакл мегирифт. Масълан маҳфилҳое, ки муассиси маҷаллаи Фарҳанг шоираи мӯҳтарам Гулрухсор ташкил мекарданд ҳама қишрҳои ҷомеаро аз мулло то коммунист ва демократ фаро мегирифт ва дар ин маҳфилҳо фикрҳои ҷолибе тавлид мешуданд. Амалан ин кор давом дошт вале ин кор ба сиёсати созандаи давлат табдил наёфт, чун номенклатураи коммунистӣ, ки аслан давлатро онҳо ташкил медоданд натавонистанд аз арзишҳои коммунистӣ ва ҳудудҳои эпистемологии худ дуртар рафтанд. Аслан, ин гуруҳ на аз он рӯ дигаронро қабул накарданд, ки коммунисти тоза буданд, балки аз ин рӯ натавонистанд, ки худ шомили зарфиятҳои сиёсӣ– музофотие буданд, ки зери таъсири сиёсати марказ аз Маскав шакл гирифта буд ва бо номҳои “хуҷандӣ”, “померӣ”, “кулобӣ” ва “ғармӣ” маълум шуда буд ва чи хел ки аз хотираҳои онҳо маълум аст, якдигарро чашми дидан надоштанд. Ин маризӣ имкони дар сатҳи миллӣ фикр ва амал карданро намедод ва аз ин рӯ ин се фарҳанги зикр кардаи Аълоҳазрат, бо арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои созандаашон, ки дар фазои ҳаёт - ҷаҳони Тоҷик ҳузур доранд, амалан дар сохтмони ҷаҳони Тоҷик натавонистанд нақше дошта бошанд. Балки бозингарони асосӣ, ки натавонистанд фазои солими сиёсӣ ташкил кардан, гӯё ба арзишҳои коммунистӣ содиқ мондаанд, аз арзишҳои демократӣ- либералӣ ҳамчун шиор истифода мекунанд, ва арзишҳои исломӣ ба ҳошия кӯчонида шуда идора карда мешаванд.

Озодагон: Мушоҳида мешавад, ки Оқохон бо бештари ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон муносибати хеле хуб дорад. Беҳтарин намунаро мо дар Конодо дорем. Бо ҳукумати қаблии ин кишвар, ки қудрати дар дасти Ҳизби Муҳофизакор, Стефен Ҳарпер буд, равобити хеле хуб дошт ва ҳоло ки либеролҳо бо раҳбарии Ҷастин Трудо бар сари қудрат омаданд Оқохон ба ин кишвар сафар карду муносибат ҳамон аст. Суол ин ҷост, ки чӣ чиз ба Оқохон даст медиҳад, ки бо кишварҳои чи шарқу чи ғарб ҳамин гуна равобити хуб барқарор мекунад?

Меҳмоншо Шарифзода: Пеш аз ҳама боварӣ, ки болои муносибати самимона ва ҷавонмардона бунёд ёфтааст. Ниҳодҳои Алоҳазрат бо давлатҳои Аврупо, Амрико ва Конодо солҳои дароз боз ҳамкорӣ доранд. Хусусуан Аълоҳазрат ба ҷомеаи Конодо, ки ба фарҳангҳои гуногун имкони ҳамзистии созандаро фароҳам овардааст таваҷҷуҳи зиёд дорад ва инҷо дар Оттава бо ташаббуси ӯ Маркази ҷаҳонӣ барои гуногунандешӣ (Global Centre for Pluralism) ташкил ёфтааст, ки орзу дорад ин таҷрубаро ба истилоҳи худаш дар “ҷаҳони ноором” (troubled world) паҳн кунад. Бубинед, бархурди ҷамоати Исмоилӣ бо тамаддуни Ғарб аз давраи Оқохони III Султон Муҳаммадшоҳ оғоз шуда буд. Ӯ бо зиндагии шахсӣ (се маротиба бо хонумҳои бо насаби аврупоӣ издивоҷ карда буд, бо шахсиятҳои машҳури фарҳангӣ ва сиёсии давр шиносоӣ дошт, дар маъракаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ ширкати фаъолона мекард) ва бо фармонҳояш кӯшиш кард то мардуми Исмоилиро бо дунёи нав ворид созад. Масалан, дар яке аз фармонҳояш мегӯяд; “ Мо бояд ин паёми иллоҳиро ҳамчун як роҳи расидан ба Ҳақ ва ҷовидонагӣ қабул дорем ва чун имони мо мустаҳкам шуд, бе тарс барои қурбонӣ кардани хеш қадам занем, бо далерӣ ва пешниҳодот мавқеи илмӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мусулмононро ба зинаи баробари бо Аврупои Масеҳӣ ва Амрико баланд бардорем... ”. Ба фикрам се чиз сабаби комёб шудани Исмоилиён дар шинохти дунёи нав гардид: а) фаҳмиш ё тафсири (interpretation) огоҳона дар се қарина (контекст); қаринаи дохилии ҷамоати исмоилӣ, ки худ ҷамоати гуногунфарҳанг ва забон аст (дар зиёдтар аз 25 мамлакати ҷаҳон, асосан дар мамлакатҳои рӯ ба тарақии ҷаҳон, инчунин дар Аврупо – ва Африқои Шимолӣ); қаринаи Мусулмонон; ва қаринаи ҷаҳонӣ; б) Якҷоя кардани андешаи олимони академикӣ бо улламои суннатӣ; в) бевосита дар раванди ҳаёт ва воқеъият будан. Имрӯз Аълозҳазрат Оқохон бо ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон муносибати дӯстона дорад вале ин маънии инро надорад, ки дар баробари сиёсатҳои нодурусти баъзе ҳукуматҳо чашм пӯшида бошад. Ба хусус баъди ҳаракатҳои сиёсии ба назарияи “бархурди тамаддунҳо” такя кунанда, ки Алоҳазрат аз он “бархурди ҷаҳл” таъбир карда буд, дар таҳлилҳои худ нишон дод, ки аслан нашинохтани таърих ва фарҳанги исломӣ боиси сар задани фоҷиаҳои Ироқ ва Афғонистон шудаанд. Масалан гузориши Аълоҳазрат дар сентябри 2004 дар ҳамоиши солонаи сафирони давлати Олмон, воқеан таърихист ва вазъи дунёи вақтро амиқ баён мекунад.

Озодагон: Оқохон ба такрор аз нерӯманд будан ва ҳузури пурранги ҷомеаи шаҳрвандӣ ва плюрализм ҳимоят мекунад. Чаро ба ин ду чиз ҳамеша таъкид мекунад?

Меҳмоншо Шарифзода: Бале, Аълоҳазрат аз зарурати се арзиш; ҳукумати босалоҳияти демократӣ, муҳите, ки гуногунандеширо ҳурмат ва дастгирӣ мекунад, ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ, ҳарф мезананд. Ба хусус зарурати ин арзишҳоро барои Уммати Мусулмон махсус қайд мекунад ва бар ин бовар аст, ки арзшиҳои демократӣ дар бунёди ин тамаддун зуҳур карда буданд. Дар ҳамин гузориши Олмонии худ соли 2004 ӯ зикр карда буд, ки “…ман мехонам, ки Ислом бо демократия дар мухолифат аст, ман бояд бигӯям ки ҳамчун Мусалмон ман демократам на бо шарофати фикри Юнонӣ ё Фаронсавӣ, балки ба шарофати асолатҳое, ки таърихи 1400 сола доранд ...”. Ин ҳарфҳоро Алоҳазрат борҳо зикр карда ва бар ин бавар аст, ки интихоби роҳбар аз рӯи шоистагӣ ва салоҳият ҳанӯз дар ибтидои таърихи муслмонон оғоз шуда буд.

Мусоҳибаи Сайф Сафар
Мӯҳр
Кух
Агар хамин мардак серпул намебуд, дар борааш ин хел мухобот намекарданд.

Офарин.! Меҳмоншо чунон донишманд ҳаст, ки дар тамоми масоил суҳбат мекунад ва огоҳ аст...

Ustod behtarini analiz.
Ba baroi ismilien muborak boshad!

Шахрванд
Хонаобод бошед бародар!!!..

Акаи Кух! Аламат кард чи wink

Кух,
Куҳ нисбат ба ту.! Меҳмонша чунин фитрат надорад он кас вокеъиятро мегуяд. "У мардак" ба Меҳмоншо пул намедиҳад

файласуф
Устоди арчманд барои сухбати гуворох ташаккур мегуям.

мункин як пешвои як кавме бошад ин сармоядор лекин Точикистони азизи мо Пешвои худро дорад . Барои дигарон намедонам , барои ман маълумоти кучаке дар бораи ин бандаи Худо кофист , махсусан у барои чи аълохазрат будааст барои ман нофахмост .

Зафар
Ба Амирало. Брои фахмидани шахсияти Аълохазрат хондан даркор хаст.

Бандаи Аллох
Барои бародарони донову боакл: Аллох таборак ва таъоло мефармояд: (إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّـهِ أَتْقَاكُمْ) - (Ба дурустие, ки бехтарини Шумо "Сохибкирому иззат" дар назди АЛЛОХ муттаки "худотарс" - и Шумост!!!)

корвон
барои чунин шарх доданат сад ташаккур аз гуфтахои шумо бисер чизхоро фахмидем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)