Бахшҳо

Ёров: Телевизиони “Лайф”-ро ба додгоҳ мекашам... (ВИДЕО)

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, “Этмос” ният дорад, телевизиони “Лайф”-ро барои иғво ва бозтоби нодурусти ахбор дар бораи ӯ ба додгоҳ бикашад.

Ёров, ки тибқи гузориши “Лайф” пулиси русро дар метрои Маскав имтиҳон мекунаду бо шеваи муноқишабарангез бозпурсӣ мекунад, имрӯз, 12-уми декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “Лайф”-ро барои иғво ва таҳрифи воқеият ба додгоҳ мекашад: “Гӯиё ман ҳамарӯза ба метро мераваму кори пулисро назорату сабт мекунаму санҷиш мегузаронам. Аммо дар асл чунин нест. Ҳамчун дигар шаҳрвандон ман ҳам аз метро барои рафтуомад истифода мебарам ва вақте мебинам, ки пулис шарик ё ягон ҳамватани маро боздошт мекунаду ҳуқуқҳояшро нақз мекунад, ман бетараф намешинам ва вокуниш нишон медиҳам. Аммо махсусан дар метро кори пулисро назорату санҷиш намекунам”.

Дар гузорише, ки “Лайф” шоми 11-уми декабр пахш кард, гуфта шуд, ки муҳоҷири тоҷике бо номи Каримҷон Ёров дар истгоҳҳои метрои Маскав кори пулисро назорату донишашонро месанҷад ва корашро ба навор мегирад. Ровиёни “Лайф” изҳор доштанд, ки гарчанде Ёров бо шеваи муноқишабарангез бозпурсӣ мекунаду навор мегирад, кормандони пулис бо ӯ оромона бархӯрд мекунанд. Ровӣ зимни муаррифӣ таъкид кард, ки дар ҳоле Ёров бо ин корҳояш таваҷҷуҳи пулисро ба худ ҷалб мекунад, ҷинояткорони дигар метавонанд аз вазъ истифода кунанду аз назари маъмурин пинҳон бимонанд. Гуфта шуд, ки гӯиё дар бораи “имтиҳон”-ҳои муҳоҷири тоҷик миёни пулиси метро қиссаҳои зиёданд ва маъмурин аз рӯбарӯшавӣ бо вай ҳазар мекунанд.

Каримҷон Ёров гуфт, баъди тамошои гузориш бо таҳиягари он дар тамос шуду талаб кард, ки дар ин шакл минбаъд ба пахши гузориш роҳ надиҳанд: “Бо муаллиф, ки инро таҳия кард, занг задам, ӯ узр пурсид. Гуфт матну наворро таҳияю пешниҳод кардааст, аммо шеваи пахши онро дар студия муайян намудаанд. Гуфтам, ки дар ин шакл, ки воқеӣ нест, видеои маро дигар пешниҳод накунанд ва агар такрор шавад, онҳоро ба додгоҳ мекашам. Дар барномаҳои такрорӣ гузоришро тағйир доданд”.

Ёров афзуд, ки ҳақталошияш ҳамчун як тоҷик вокунишҳои манфиро дар ҷомеаи Русия ба вуҷуд овардааст: “Агар ин корро як шаҳрванди Русия мекард, офаринаш мехонданду пулисро барои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон муҷозот мекарданд. Аммо азбаски як тоҷик талош кардааст, аз ҳуқуқи худу ҳамватанонаш ҳимоят кунад, норозигиро ба вуҷуд овард”.

Ба гуфтаи Ёров баъди маслиҳат бо вакилони дифоъ ӯ дар мавриди ба додгоҳ кашидани телевизиони “Лайф” тасмими ниҳоӣ хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи нашри гузориш дар бахши русии интернет шарҳҳое нашр шуданд, ки гӯиё тоҷике акнун пулиси моро месанҷаду ба мо чӣ гуна зиндагӣ карданро таълим медиҳад. Гуруҳи дигаре, ки теъдодашон нисбатан кам аст, кори Ёровро қобили таҳсин хондаанд, ки қонунҳои Русияро аз пулиси ин кишвар беҳтар медонад.


Порае аз гузориши “Лайф” дар бораи Ёров:

Мӯҳр
Вой
Журналистони Русс чунинанд. Дигронро паст мезананд.

мехмон
Бо ин гуна рафтор рейтинги точикро боло бурда намешавад!! Барои зери по нашудан , бекадр нашудан бояд ба хама вазнинихо токат карда дар диёри бобоии худ зиндаги кунем!!
Барои чи англисхо ё африкоихоро пулиси Россия бознамедораду точикро медоранду таъкиб мекунанд ??
Эй бародарон мизбон моро намепазирад , чи бояд кард? О номуси мо кучо шудааст? Ё мо пораи ноне дар Ватан намеёбем? Ё мо билкулл гарончон шудаем????

р
Не шути с ментами. Доиграешься.

Хамин хел шерхои точик бисёртар мешуд ! Ахсан ба Шумо бародар Ёров.
Хакикатан номуси миллати точикро доштаи !

Мухтарам Каримчон Ёров бехтарин кор карден барои миллат офарин ахсан мо аз Шумо фахр мекунем....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)