Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 март 2017, 06:27

Бояд ҳар рӯз рӯзи Муҳаммад (с) бошад!

14 декабр 2016, 08:17

Ҳамд ва ситоиши беандоза Худоеро, ки ба ҷаҳониён дар айни зулмату торикӣ, фасоду гумроҳӣ, ваҳшонияту раҳгумӣ беҳтарин фарзанди одам, ростқавлу амонатдор, хушахлоқу боифат ва зебою хоксор -- Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ)-ро фиристод ва ба ҷаҳон ҷони дубора бахшид.

Беҳтарин тарбиятдиҳанда ва муаллими башарият замоне шабеҳи як офтоб тулӯъ кард, ки ҷаҳон дар ботлоқи бадахлоқию ваҳшоният фурӯ рафта буд. Инсоният мақом ва мартабаи худ ҳамчун як мавҷуди олии офаридагорро натанҳо дар ҷаҳони араб, балки дар Форсу Рум ҳам аз даст дода, тадриҷан ба ҳайвон табдил ёфта буд.

Муҳаммад (с) бо ҳидоят ва роҳнамоии Парвардгори хеш тавонист бо ин ваҳшоният ва залолату гумроҳӣ мубориза барад, мақоми аз даст рафтаи инсонро дубора барқарор созад ва ба шиносномаи инсон барои ҳамеша муҳре аз одобу ахлоқ ва шинохте аз худои воҳидро бизанад. Ӯ муваффақтарин фарди сайёра, бузургтарин муслиҳи олам ва беназиртарин пайёмбар аз пайёмбарони Илоҳист. Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ) охирин расуле аз ҷониби Аллоҳи яктост, ки сираташ бо иттифоқи уламо ва донишмандони ҷаҳон бузургтарин мактаб аст.

Ҳамасола бо омодани рӯзи милоди ин офтоби тобони рисолат дар саросари ҷаҳон аз Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ ) ёдоварӣ мешавад ва бештари пайравони Ӯ ба шаклҳои гуногун аз ӯ васф мекунанд. Маҳфилу маҷолис меороянд. Аммо мутаассифона, ин ҳама уммат баъзан дар баробари таҳқиру тавҳин, ки гоҳе дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, ҳатто дар аксар кишварҳои мусалмоннишин аз рӯи кинаву ҳасад, нотавонбинию бефаросатӣ, душманию кина рух медиҳад, муҳри хомӯши бар лаб мезананд.

Муҳаммад (с) пайёмбарест, ки ниёз ба васфу тамҷиди ҳеч башаре надорад, зеро бузургтарин вассофи Ӯ Худои якто ва бениёз аст. Аллоҳи меҳрубон пуштибонӣ ва иззату шарафи Муҳаммад (с)-ро дар Қуръони карим эълон дошт ва бар тамоми башарият ҳушдор дод, ҳеч чизе то охири ин ҷаҳони ҳастӣ наметавонад чизеро аз ҷойгоҳи Муҳаммад (с) кам кунад ва мактаби Ӯ ҷовидона аст.

Барои мо, умматон ҳаррӯз бояд рӯзи Муҳаммад (с) бошад. Агар мехоҳем Ӯ ва Худояш аз мо розӣ бошад, бояд бо сират ва мактаби Ӯ зиндагӣ кунем. Аз тамоми гуфтаҳои ин муаллими башарият ҳамчун қонун ва фармон итоат намоем. Бояд бо амал, рафтор ва гуфтору кирдори худ нишон бидиҳем, ки пайравони воқеии Ӯ ҳастем.

Зиндагонии Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ) саршор аз одоб ва ахлоқи волои инсонӣ аст, ки ҳамааш ба хайр ва баракат аст. Ҳеч нуқтаи зиндагӣ ва гуфтаҳои Ӯ бар зарари инсон ё ҷомеа нест.

Таълимоти Ӯ, ки аз батни модар то дохили қабр ҳамачиро фаро гирифтааст, барои ҳар инсоне, ки ба сирати Ӯ чанг мезанад ва онро ҷиддӣ пайравӣ мекунад, шоҳроҳи саодат дар дунё ва охират аст. Натанҳо ҷомеаи мусалмоннишин, балки ҳар ҷомеае мехоҳад, ки насли хушахлоқу донишманд ва баномусу боғайрат дошта бошад, бояд насли худро шурӯъ аз боғча, то донишгоҳ зери таълимот ва сирати Муҳаммад (с) омӯзиш диҳад. Чунин миллат ва давлат ба яқин саодат ва хушбахтиро дар дунё ва охират ба даст меоварад.
Ҳақ ба ҷониби Хоҷа Ҳофиз аст, ки мегӯяд:
Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро рафиқу мунис шуд.
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.

Далер ШАРИФОВ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шоир

  • 14 декабр 2016 08:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд
Дили рамидаи моро анису мунис шуд
Нигори ман ки ба мактаб нарафту хат нанавишт
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд
Тараб сарои муҳаббат кунун шавад маъмур
Ки тоқи абрӯи ёр маниш муҳандис шуд
Ба бӯи ӯ дили бемори ошиқон чу сабо
Фидои оризи насрину чашми наргис шуд
Ба садри матбааам, менишонад акнун ёр
Гадои шаҳр нигаҳ кун ки мири маҷлис шуд
Лаб аз тарашшуҳи май пок кун зи баҳри Худо
Ки хотирам ба ҳазорон гунаҳ мувасвас шуд
Карашмаи ту шаробе ба ошиқон паймуд
Ки илм бехабар афтоду ақл беҳис шуд
Хиёли оби хазар басту ҷоми Кайхусрав
Ба ҷуръаи нуши султон Абулфаворис шуд
Чу зар хариди вуҷуд аст шеъри ман оре
Қабули давлатиёни кимиёи ин мис шуд
Зи роҳи майкада ёрон инон бигардонед
Чаро ки Ҳофиз аз ин роҳ рафту муфлис шуд
Посух додан
  • Асадулло

  • 14 декабр 2016 09:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале ҳақ ва рост ман ҷонибдор бояд ҳар руз рузи Муҳаммад (с) бошад.
Посух додан
  • Toj

  • 14 декабр 2016 10:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассаломуалекум бародарон ва хохарони гироми
хаммаи шуморо бо МАВЛУДИ паёмбарамон МУХАММАД ( салаллоху алайхи ва салам ) табрик ва муборакбод гуфта, аз ХУДОВАНД тамоми орзухои некатонро таманно дорам ...
Бовар кунед инхел маколаро бори аввал хондам
ТАШАККУР бародар ДАЛЕРЧОН
Посух додан
  • Аҳмад

  • 14 декабр 2016 10:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беҳтарин, офарин ба нигоранда.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алейкум!

Рости гап бехтарин он чизе ки ман дар хаёти худ дар ин сомонаи "Озодагон" хондам хамин мавзуъ мебошад, рахмати калон ба ин шери нар, Далер Шарифов!

Бидонад ташна қадри косаи об
Надонад кур қадри нури маҳтоб!
Ки Иброҳиму Мусову Масиҳо
Чунин фармуданд он анбиёҳо
Маро гардон зи умматони Аҳммад
Ки дори бар Муҳаммад лутфи беҳад.
Посух додан
  • Закариёи Рози

  • 14 декабр 2016 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инчо Далер дар сатхи як муллои кучаги поин омадааст. аз журналистика миллион соли нури дур рафтааст. Дар масъалаи Хофиз ин шоирро хам бо он бузурги наметавон як одами модерни рушанфикри имруз тасаввур кард он чизеро медид ва мухитеро ки дидаву шамида буд бакалам меовард ва менавишт ва имруз бо он чахоннигари намешавад ба дунё бингарист зеро имруз мушаххас аст ки маркази манзумаи шамси офтоб аст ва як чахони нопайдоканор то асри чадид мо тамогшо карда шиштем дар асри 21 яки кафомона дидем ки ба гайр аз чангу чушу нодониву чахолат чизе надоштаем хатто дар кашфиёт танхо Закариёи Розист ки спирт кашф кард ва андешахои зиддидалери дошт
Посух додан
  • Точик

  • 14 декабр 2016 13:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин шоир газали Хофизро ин кадар хароб кардааст ки Хофиз хишти кадом як хиштрезро!!! бечорахо инхо аз кучо пайдо шуданд дар ин Точикистони мо кучо шуд Сотим Улугзода бо Ривояти Сугди кучо шуданд Бобочон Гафуров бо Точикон, устод Айни бо Муканнаъ Фазлиддин мухаммадиев бо китоби дар он дунё... ин маргпарасто аз кучо пайдо шуданд ачабо давлати Рахмон кори хеле сахтеро дар пеш дорад хеле сахт инхо аз муру малах зиёдтар шудаанд ку!?

Посух додан
  • Саидбилол

  • 14 декабр 2016 14:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд аз баракату рахмати дунёву охират сератон кунад ОЗОДАГОН ва Нигорандагони чунин маколахо дар сайтатон .бе хад хурсанд шудем ки чунин чуръату ичозат ро раво дидан. Тапиши калб бештар шуд ) Худо шафоати Мухаммад (С) РО насиби хамаи мо гардонад . ва Миллати шарифи гамзадаи Точик ро обод кунад . МАВЛУД МУБОРАК ХАМВАТАНОН.))
Посух додан
  • Дуст

  • 14 декабр 2016 21:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташакур ба сомонаи Озодагон раҳмати Худо бар гузаштагони Далер!
Посух додан
  • Абурайхони Беруни

  • 15 декабр 2016 09:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташаккури беохир ба дастандаркорони шабакаи хабарии Озодагон барои чопи чунин маводи ибратбахш ва хондани ки ба чисму чон нуру ороми мебахшад. Ба Далерчони донишманду бофврханг бурдборихои нави эчоди таманно дорам.
Посух додан
  • 2505

  • 15 декабр 2016 15:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Закариёи Рози. Ба фикрам сарфахми ин суханон нарафти.
Посух додан
  • карим

  • 16 декабр 2016 15:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дуруди Худо бар ту низ, Далер!
Посух додан
  • Бандаи Аллох

  • 16 декабр 2016 16:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй мардуме ки зидди Ислом хастед, агар мамолики мусалмононро кафомонда фикр мекунед рафта дар Аврупо истикомат кунед. Дигар хаста шудем аз ин суханхои бемаъниву тахкиромези шумо. Аслан ки ба шумо ичозат додааст, ки дар хакки муаллими башарият чунин суханхо гуед. Муслиминро бегайрат фикр накунед. Мо шод хастем ки пайрави дини Исломем. Розием ки конунхои Аллох бар мо хукмрон бошад ва шумо аз хад магузаред. Ин хомуширо аз мо мисли тарс кабул накунед. Фаромуш макунед, ки хар кас ба боло туф кунад, ба суяш бармегардад.
Ва эй бародари рузноманигор Аллох кумакат кунад то дар оянда хам каламат дар васфи расул ва хамди Худо бошад. Муддати зиёд буд, ки аз расонахо чунин суханхоро нашунида будем.
Посух додан
  • Сино

  • 19 декабр 2016 20:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хазрати Мухаммад вокеан шахсияти барчастаи замони худ буд. У барои арабхо хизмати шоиста кард аз кабилахои парокандаи кучи. ки хаёти сахт доштанд миллат сохт ва онхоро хукмрони ними чахон кард. Арабхо исломро бо шамшер пахн карданд, точикону эрониён хеле захмат кашиданд. то исломро дини мутамаддин созанд. Аммо дар ин асри рушди беандозаи илму фановари киссаву ривоятхои тахаюлии дини ахмияти худро гум кардаанд. танхо чомеахои кафомонда побанди ин афсонахо хастанд. Чомеа бояд хамкадами замон бошад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!