Бахшҳо
14 дек 2016 10:34Тоҷикистон / Тема дня

Тахриби 1144 танӯр: Раис гуфт, нигаронии мардумро мефаҳмам...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, соли равон дар доираи 130 рӯзи ободонӣ дар пойтахт биноҳое, ки худсарона ва ғайриқонунӣ бунёд гардида буданд, тахриб шуданд.

Тавре дар ҳисоботи солонаи шаҳрдори Душанбе зикр шудааст, соли равон дар ҳудуди пойтахт 164 дӯкон, 1144 танӯр, 3273 мошинсарой, 134 контейнер бартараф карда шуданд: “Дар натиҷа 559 ҳазору 279 метри мураббаъ замини истифодаи умум, ки ғайриқонунӣ ғасб карда шуд, ба ҳолати аввала баргардонида шуд”.

Убайдуллоев мегӯяд, дарк кардааст, ки ин маърака то ҷое бархе аз шаҳрвандонро нигарон карда буд: “Аммо риоя ва иҷрои Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе барои ҳар як сокини шаҳрамон ҳатмӣ мебошад”.

Ба гуфтаи раиси Душанбе аз байн бурдани сохтмонҳои ғайриқонунии тӯли даҳсолаҳо мавҷудиятдошта кори саҳл ва сатҳӣ набуд.: “Заҳмати хастагинопазири масъулин ва ҷонибдории аксари сокинон дар ин раванд баръало эҳсос мешуд ва танҳо ҳадафи ягона, ки баҳри ба тартиб овардани минтақаҳои маскунӣ роҳандозӣ шудааст, аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ пазируфта шуд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳо изҳори сипос менамоем”.

Дар баробари ин раиси Душанбе масъулинро муваззаф кардааст, дар ҷои иншооти тахрибшуда майдончаҳои варзишию кӯдакона ва боғу гулгаштҳо бунёд карда шаванд: “Сабқати маҳаллаҳо барои ободонӣ дар соли оянда низ дар доираи омодагиҳо ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба роҳ монда мешавад”.
Мӯҳр
Хушрӯз
Аз сари кибр дар ин шаҳр чу дегдон биканӣ,
Гӯиё аз даҳани халқ ту дандон биканӣ.
Тоҷик аз рузи азал бо табақу дегдон аст,
Ин ду бигзору бирав, кош ки зиндон биканӣ!

Мавлавӣ
Оқилон аз ақл масту, ҷоҳил аз кирдор маст....

сафар
теппаи самаркандира бинен як бор баъд ба кори архитектору кумитаи Замин бахо дихед... махаллаи ховарон то аму болоша пур шудаастку уча хеч кас гап намезана барои чакдонхомон((((((((

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)