Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 13:54

Матвиенко: ВКД барои хориҷ кардани муҳоҷирон маблағ надорад

14 декабр 2016, 16:18

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, Вазорати умури дохилии ин кишвар барои хориҷ кардани муҳоҷирон маблағ надорад.

Матвиенко пешниҳод кардааст, ин уҳдадориро минтақаҳои Русия ба зимма бигиранд. Ӯ дар робита ба ин мавзӯъ гуфтааст, бояд манбаи даромади доимӣ роҳандозӣ шавад ва пешниҳод кардааст, як дарсади даромад аз иҷозатномаи кор барои хориҷ кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷудо шавад. “Марказҳои муҳоҷирон пур шудаанд, аммо бархе аз онҳо то ним сол дар онҷо ҳастанд. Мисле ки дар истироҳатгоҳ бошанд”,- изҳор доштааст Матвиенко.

Ин мақоми рус таъкид кардааст, бояд замони муайяне барои будубоши муҳоҷирон дар марказҳо таъйин шавад. Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин масъала барои баррасӣ ба кумитаи амният ва буҷаи Шӯрои федератсия фиристода шудааст.

Тибқи омори ғайрирасмӣ аз Тоҷикистон беш аз як миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар қаламрави Русия кор мекунанд. Дар пайи қабули қонунҳо дар умури муҳоҷирин ва таъсири таҳримҳо алайҳи Русия зиндагии муҳоҷирон дар ин кишвар ба сахтиҳои зиёд дучор шуд. Ҳазорҳо нафар аз ин кишвар депорт шуда, барои аз се то панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • шахрванд

  • 15 декабр 2016 10:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар макола ВКД менависеду дар матн Вазорати умури дохили. Ин тавр мумкин нест. Оё редактор надоред магар?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Я мо мисли арус шдагием да ие мекапан кисохомона мекован хайрат сина надорем агане тоже мекапан баъд чанд сумме дорем холи мекунан баъд хуй метиан Дхтара капидан тарсида гуфт ман шавхар дорам ман аз бачош пл додум узбечка бд хпвайа кариб тачовуз мекадан

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!