Бахшҳо

Холаи Шакархотун: Модари 18 фарзанд бо 18 дипломи макотиби олӣ!

Раҳматхотун, Исфандиёрхон, Назархон, Шорехон, Шарофатхон, Латофат, Адолат, Мубориз, Ҳалима, Моҳну, Ҷӯра, Манучеҳра, Нозанин, Сорбон, Ширинхон, Ҳасанҷон, Зубайда ва як нафари дигар, ки номашро нанавиштаам. Ба шумо ин номҳо аз чӣ хабар медиҳанд?

Бовар дорам, аксар мегӯянд, хабаре намедиҳанд, чунки аксари хонандаҳои нашрияҳои муосир дар бораи ин номҳо тасаввуроте надоранд. Агар ба ман ҳам чунин муаммо пешниҳод мешуд, посух дода наметавонистам. Барои ба ин муаммо посух додан ё аз маҳаллаи Бизмичи Хоруғ будан лозим ё мақолаҳои солҳои ҳафтоду ҳаштоди асри гузаштаи матбуотро мутолиа кардан даркор буд. Ва ё мисли ман кунҷкобӣ карда, ба даргоҳи соҳибони ин номҳо сар халондан даркор.

Қисса кӯтоҳ, ҷавоби ин муаммо он аст, ки соҳибони ҳама ин номҳо аз як модар, ба қавле, аз як шикам, таваллуд шудаанд!
Бале, нуҳ писар ва нуҳ духтар! Ва Қаҳрамон–модаре, ки онҳоро ба дунё овардааст, холаи Шакархотун ва шавҳараш шодравон Алихон Ҷумъахонов мебошанд. Бовар дорам, холаи Шакархотун ягона занест дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҳаждаҳ фарзандро ба воя расонида, ба ҳамаи онҳо маълумоти олӣ додаанд!

Ҳанӯз дар Душанбе пеш аз сафар Ба Бадахшон ба худ мақсад гузошта будам, ки ҳатман ба дидори Қаҳрамон-модаре, ки ҳаждаҳ фарзандро ба воя расонидааст, меравам. Барои ман, аз хонандаи азиз ҷойи пинҳон кардан нест, муҳим он буд, ки оё зане, ки 18 бача зодааст, чӣ азобу машаққат кашида бошад; ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ, чунки мебинам, имрӯзҳо модароне, ки шаш ё ҳафт фарзанд мезоянду онҳоро тарбият медиҳанд, ғолибан аз душвориҳои фарзандкалонкунӣ ҳарф мезананд.

Ҷиҳати дигари ҷолиби қиссаи ин оилаи серфарзанд он буд, ки онҳо, зану шавҳар, барои гирифтани МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ба ҳамаи 18 фарзанд саҳм гузоштаанд! Тасаввур мекунед, албатта, ҳаждаҳ фарзанд ва ҳашдаҳ дипломи макотиби олӣ!

Дар замони Шӯравӣ баъзан мешунидам, ки мардуми Бадахшон аз ҷиҳати шумораи маълумоти олидор ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ дар СССР ё Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ дар ҷойи аввал буд. Ростӣ, ба ин чиз он қадар таваҷҷуҳ надоштам, аммо солҳои охир чун ба адабиёт ва нашрияҳои бачагона каму беш кордор шудам, хулосаам ҷиддӣ ва мусбат шуд, ки воқеан, дар Бадахшон ба таҳсили шогирдон аҳамият медодаанд.

Дар Душанбе як китобфурӯши шиносам мегӯяд, ки аз мо барои фарзандон бештар волидайни бадахшӣ китоб мехаранд.
Ман далели дигаре ҳам дорам. Вилояте, ки андак бештар аз дусад ҳазор аҳолӣ дорад, ба як нашрияи бачагона зиёда аз ҳазор нусха обуна мешавад ва вилояте, ки тахмин севуним миллион аҳолӣ дорад, ба ҳамон нашрияи бачагона, ки Бадахшон зиёда ҳазор нусха обуна шудааст, ҳамагӣ ... 28 нусха...
Чӣ тавре мегӯянд, он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Сабаби чунин фарқияти бузургро намедонам. Дар вилояти сернуфус шояд бачаҳо бештар китоби бадеӣ ва дарсӣ хонанду ба газета камтар таваҷҷуҳ кунанд? Намедонам...

Холаи Шакархотун: Модари 18 фарзанд бо 18 дипломи макотиби олӣ!Бубахшед, камтар аз мавзуи асосӣ: модари серфарзанд дур рафтам. Ва чун ба Хоруғ расидам ва аввалин фурсати шаҳри Хоруғро дидан пайдо шуд, қарор додам, ки аз пайи ҷустуҷӯи “Модаре, ки ҳаждаҳ фарзанд таваллуд намуда, ба воя расонидааст” мешавам. Аз насли калонсол қариб ки ҳама холаи Шакархотунро мешинохтанд, аммо ҷавонҳо камтар. Ин ҳам табиист, зеро чи тавре баён кардам, холаи Шакархотун дар айёми Шӯравӣ машҳур буд ва қариб сӣ соли охир дар борааш чизе нахонда будам. Маро дар ҳавлӣ яке аз фарзандонаш Ширинхон пешвоз гирифт ва андак дар ҳайрат ҳам афтод, ки чаро рӯзноманигор меҳмони нохондаи манзилашон шудааст. Чун аз мақсад гуфтам, хабарам дод, ки модар дар беморхона...
Ҳамроҳ ба он ҷо рафтем. Дар ҳуҷра зани хушсимои тахмин ҳафтод – ҳафтоду панҷсола хобида, паҳлӯяш ду духтару як писаре, ки ҳар якашон дар атрофи панҷоҳ буданд, нигоҳубинаш доштанд. Раҳораҳ меандешидам, ки агар холаи Шакархотун ҳаждаҳ фарзанд ба воя расонида бошад, шояд абгору фарсуда бошад ва аз ин сабаб ба касалхона афтодааст, чунки чунин шумораи наслро ба воя расонидану маълумоти олӣ додан бечунучаро заҳмат металабад...

Вале он зани “ҳафтод – ҳафтодупанҷсола”, дар асл 87-сола, баробари дидани ман рӯи кат нишаст ва тасаввуротам дар бораи “зани абгору фарсуда” зуд бекор шуд. Пас аз пурсупос яке аз духтаронаш гуфт: “Модарам дирӯз аз Амрико омада буданд ва шояд парвози тӯлонӣ аз он ҷо то Тоҷикистон модарамонро андак кӯфта кардааст, бинобар ин ба бемористон овардем”.

Ибораи “аз Амрико омада буданд” маро дар ҳайрат гузошт ва гумон кардам, хатое рафта ё ман нодуруст шунидам, зеро барои зани 87-сола саёҳати Амрико, махсусан, парвози 11-соата аз Осиё ба Амрико осон нест. Шояд аз нигоҳам он духтарашон пай бурда, шарҳ дод, ки дар Амрико яке аз бародаронамон бо аҳли оила зиндагӣ мекунад ва модарамонро даъват карда буд: “Модарамро қариб ба ҳамаи ҷойҳои дидании Амрико бурдаанд ва ниҳоят хурсанд ва қаноатманд омаданд. Додарамон дар иёлати Калифорния бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад ва соҳиби тарабхона ҳам аст”.

Аз холаи Шакархотун пурсидам, ки Амрико маъқул шуд? Гуфт, ҳа, кишвари обод будаасту тоза. Аз ҳама хубаш он аст, ки як кас ба дигар кас коре надорад. Чун дидам, ки мариз монда шудааст, гуфтам, дертар ба ҳавлиатон меравам.

Баъди он ки шунидам, аз касалхона ба манзил баргаштаанд, ба дидори ин зани бобаракат рафтам. Ҳамроҳи Ширинхон ва хоҳараш кушиш доштем, теъдоди набера, абера ва чабераҳоро муайян кунем, вале натавонистем. Дертар гуфтанд, дар атрофи сад нафар...

Аксари фарзандони холаи Шаркархотун аз Бадахшон аз пайи ризқу рӯзӣ берун рафтаанд. Яке дар Амрико, чанде дар Русия ва чанди дигар дар Душанбе ҳастанд. Ва ҳамаашон дар идорае, аз вазоратҳои қудратӣ то маориф, аз тиҷорат то соҳибкорӣ машғуланд. Байнашон бекоре нест. Ҳамаашон соҳиби оила, фарзанд ва чандашон соҳиби набера ва яке соҳиби абера ҳам ҳастанд. Вақте ман дар Хоруғ будам, ба дидори модар (чун шуниданд баъди бозгашт аз Амрико мариз шудааст) аз Русияву Душанбе бисёр фарзандон омада буданд.

Пурсидам, ки хола, магар ба воя расонидан ва маълумот додани фарзандон мушкил набуд? Табассум намуда, танҳо гуфт, на, мушкилие набуд. Гумон доштам, холаи бадахшӣ хоксорӣ мекунад. Ин гумони маро як духтарашон пай бурда гуфт: “Модарам дуруст мегӯянд. Ин кас дар тарбия ва нигоҳубини бачаҳо азоб намекашиданд, зеро моро волидайн чунин тарбия карда буданд, ки ҳар якамон вазифаи худро доштем. Яке ҳавлӣ мерӯфт, дигаре таъом мепӯхт, саввумӣ аз пайи обу ҳезум буд, чорумӣ алаф меовард, панҷумӣ аз пайи гову гӯсола буд, шашумӣ ба додаракону хоҳаракон нигоҳубин дошт ва ғайра. Модарам боз кор ҳам мекарданд”.

Холаи Шакархотун бо табассум ин гуфтаи духтарашонро шарҳ доданд, ки бале, ман дар матбааи шаҳри Хоруғ, ки он ҷо шавҳарам директор буданд, ба сифати ҳуруфчин 36 сол кор кардам...

Ба замми ҳамаи ин акси холаи Шакархотун дар осорхонаи шаҳри Хоруғ ҳамчун бонуи зебои бадахшӣ овезон аст ва аз ин ба фикрам, ҳама фарзандон ва махсусан набераву абераҳо ифтихор доранд.

Бо он фарзандоне, ки суҳбат доштам, аз як чиз ҳамеша бо ифтихор ва сипос аз волидайн ҳарф меоварданд, ки моро онҳо новобаста ба душвории молиявӣ ва гоҳе хонаводагӣ хононданд ва маълумоти олӣ доданд ва имрӯз ҳамаи мо соҳиби маълумот, ҷойи кор ва саъодатмандем!

Ҳикмати навиштани ин мақола ҳам ҳамин аст: Ҳамеша бояд таҳсил кард ва агар имконият дошта бошед, ҳамеша барои таҳсилу маълумотгирии фарзандон бикӯшед.

Барои худ чизи дигаре кашф кардам: Занро шумораи тавлиди фарзанд ҳаргиз абгор намекардааст, зеро агар чунин мебуд, ман холаи Шакархотунро “зани ҳафтод – ҳафтодупанҷсола” намепиндоштам ва намегуфтам.

Муҳибуллоҳ ҚУРБОН,
рӯзноманигор

Мӯҳр
хонанда
Инсон фарзандро таваллуд мекунад на мезояд. Хайвонхо мезоянд.

Ҳофиз
Агар Ҳофизу Саъдӣ мешуданд, қабри ин соҳибони забони баъдиро худашон ба дасти худ меканданд.
- фалонӣ дар курсии фалон вазорат ё идора такя задааст (?)
- корро аз сар гирифт (?)
- дар фалокати автомобилӣ кӯшта шуд (?)..
Боре як эронӣ аз ман пурсид; -оғо моли куҷоӣ?
Ман ҷавоб додам, ки ман тоҷикам ва дар кишвари мо гӯсоларо мол мегӯянд. Аз одам мепурсанд, ки бародар аҳли куҷоӣ?
Эронӣ, ки марди таҳсилкардае буд, гуфт:
"Банда шармандаям форсии шумо асиле"...

Бисёр кисаи ачоиб ва инчунин тарбияви ,офарин бо ин модари кахрамон!
Албат дар хама давру замон хондану илмомузи шарт ва зарур аст.
Якчи ногуфта намонад дар хакикат ин хола аз давраи (коммунизм) фаровон истифода бурдааст .

Jannat dar zeri qadami Modaron hast, farmudaand Hazrati Muhammad(SAS), in khel Modarho aqqoni modaroni asili tojiki and. Rosti gap, yake az khuliganhoi shahri Khorug budam( hozir sinnamon ba 57 rasid), yak bor kholai Shirinmoh dar yake az tangkuchahoi shahr maro vokhurda, bozdosht, va sukhanone ba man guft, ki badi on, man, pisari 14 sola tamoman digar shudam, badi askari, injener shudam, dar Norak va Rogun kor kardam, lekin fikr mekunam, agar hamon ruz in Modari zebo az dastam girifta on sukhanon ba man agar nameguft, qismatam chi khel meshud? ba Modar sihati orzumandam...

Чонбегим Саъдуллоева
Хамду сано бод ба ин Модар! Модари хакикатан кахрамон. Иллохи умраш бештар гардад.

Спасибо, автору ))) прям до слез, услышать про свою родную бабушку (обычно все дети Ее называем НАН(мама) Шакар)!!! Было бы хорошо, если статья имел бы русский вариант, чтоб все наши знакомые и вообще по всему миру услышали про нашу НАН Шакархотун))) ещё раз большое спасибо Курбону

Зариф
барои чи номи 18 умашро нанавиштед?

Албатта пеши модари бузург сари таъзим фуруд меорам ва фахр хам мекунам, ки бо Манучехра- яке аз духтарони ин модар солхои тулони дугона хастам ва бевосита аз тарбияи фарзандони модар бохабар хастам. Хама шахсони боаклу тамизу хоксору покирода хастанд! Ахсан ба чунин модар!!

Кӯдаке, ки омодаи таваллуд шудан буд, рӯ ба сӯйи Худованд карду пурсид: «эй Худои хубу меҳрубонам, мегӯянд фардо маро ба замин мефиристед, аммо ман бо ин хурдӣ ва бидуни ҳеҷ кӯмаке чи гуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам»? Ҳотифе аз ҷониби Худо ба ӯ садо дод: «аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагонам ман якеро барои ту дар назар гирифтаам, ки ӯ дар интизори туст ва аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард». Кӯдак ҳанӯз намедонист, ки мехоҳад биравад ё не, боз рӯ ба сӯйи Худованд карду гуфт: «Худоё ман дар ин ҷо коре намекунам, мушкиле надорам, коре ба ҷуз хандидан ва овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд». Ҳотифе аз ҷониби Худованд ба ӯ нидо кард: «фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯйи ту лабханд хоҳад зад. Тавре ки ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ шуд». Кӯдак бо нигаронӣ пурсид: «эй Худоҷони меҳрубон, вақте ман забони онҳоро намедонам, читавр метавонам бифаҳмам, ки онҳо чӣ мегӯянд»? Дубора садои латифи ҳотифи ғайб гӯши ӯро навозиш карду фармуд: «фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро, ки мумкин аст бишнавӣ дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо сабру бурдборӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чигуна сӯҳбат кунӣ». Кӯдак бо нороҳатӣ идома дод:»вақте бихоҳам бо ту сӯҳбат кунам чи коре кунам? Аз онҷо чигуна бо ту сӯҳбат кунам»? Посух шунид ки, фариштаат дастҳоятро дар канори ҳамдигар қарор дода, ба ту ёд медиҳад ки чи гуна дуо кунӣ ва бо ман сухан бигӯӣ. Кӯдак сарашро поин аафканду пурсид: «шунидам, ки дар замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, аз онҳо маро кӣ муҳофизат мекунад»? Овоз омад, ки фариштаат аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард, ҳатто агар ба қимати ҷони худаш бошад. Кӯдак даст бардошт ва пурсид: «Худоё, агар қарор аст биравам, пас номи фариштаам чист»? Ҷавоб шунид, ки номи фариштаат аҳамият надорад ба содагӣ метавонӣ ӯро модар садо кунӣ. Оре, номи ин фариштаи заминӣ модар аст. Фариштае, ки Худованд барои нигаҳдорӣ ва муҳофизати 18 кӯдакони хушбахт интихоб кардааст ин модари Шакархотун аст.

Сад афсус ки дируз ин Модари бузург аз олам чашм пӯшиданд. Руҳашон шод боду хонаи охираташонро обод.

Боз як далели дигар аз бузургии модар. Чунин бузургон бояд ба ҷаҳониён низ муррифӣ гарданд. Ташаккур ба журналист.
Ҳамду сано ба Модар, чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)