Бахшҳо
15 дек 2016 14:06Тоҷикистон / Акс

Нерӯи барқ ва қурби асъор нархи обро дар Хуҷанд гарон кардааст (ИНФОГРАФИКА)

Сар аз якуми январи соли 2017 арзиши истифодаи об ва хизматрасонии партовобҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд ҳудуди 20 дарсад гарон мешавад.

Дар қарори шаҳрдории Хуҷанд, ки торнамои расмии он нашр кардааст, гуфта мешавад, ин иқдом бо назардошти мактуби Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал” аз 24 ноябри соли 2016 роҳандозӣ мегардад. Тибқи қарори раиси маркази маъмурии вилояти Суғд, ки 8 декабр имзо шудааст, “нархномаи нави таъминоти оби нӯшокӣ, рафъи партовобҳо ва корҳои хизматрасонӣ дар КВДК “Хуҷандобуканал” тасдиқ гардида, аз 1-уми январи соли 2017 ҷорӣ карда мешавад”.

Аз маъмурияти шаҳр ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, акнун хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ барои аҳолӣ 1 сомонӣ, барои ташкилотҳои буҷавӣ 1 сомонию 70 дирам ва барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ 6 сомонӣ муайян карда шудааст: “Хизматрасонии партовобҳо бошад, барои аҳолӣ 60 дирам, барои ташкилотҳои буҷавӣ 1 сомонӣ ва барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ 1 сомонию 70 дирам муқаррар карда шудааст”.

Ҳоло аҳолӣ барои истифодаи 1 м3 об 0,85 дирам пардохт мекунад ва ин нархнома барои ҳамаи гуруҳҳои истифодабарандагон ба истиснои аҳолӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда гуфта мешавад.

Иллати гароншавии қиммати истифодаи обро масъулини “Хуҷандобуканал” ба болоравии нархи нерӯи барқ ва тағйирёбии қурби асъор рабт медиҳанд.

Нерӯи барқ ва қурби асъор нархи обро дар Хуҷанд гарон кардааст (ИНФОГРАФИКА)

Нерӯи барқ ва қурби асъор нархи обро дар Хуҷанд гарон кардааст (ИНФОГРАФИКА)
Мӯҳр
Дар ВМКБ- Хоруг гаронтарин нарх аст. Пули барк 21 дирам барои 1 киловатт, чинин нарх факат дар Амрикову Европа аст. Пули об- 7 сомони аз хар нафар! Ба Пешвои миллат хам мурочиат кардем, натичае хосил нашуд. Помир Осиеи Марказиро бо об таъмин мекунад, мардум, ки аксарияташон бекор астанд, дар хунуки аз кувваи барк пурра истифода кардан наметавонанд, аз идораи об каздор. Касе дар суроги ин мардум нест, боз мегуянд, ки .......................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)