Бахшҳо

Путин, Трамп, Усмонов, Бағдодӣ... Чеҳраҳои таъсиргузори соли 2016

Маҷаллаи маъруфи “Форбс” чеҳраҳои таъсиргузори 2016-ро муайян кардааст.

Дар садри ин феҳрист, ки номи 74 нафарро дар бар мегирад, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия нишастааст. “Форбс” дар бораи Владимир Путин навиштааст: “Раисҷумҳури Русия, ки 4 сол қудратмандии худро нигоҳ доштааст, таъсири кишвари худро тақрибан дар тамоми нуқоти ҷаҳон нишон дод. Путин аз кишвари худ то Сурия ва интихоботи Амрико ба ҳар чизе ки мехоҳад даст меёбад. Соли 2016 рахнагарони Русия барои ворид шудан ба имейлҳои аъзои Ҳизби демократ ва кумак ба корзори интихоботии Доналд Трамп, ки ҳамеша шеваи раҳбарии Путинро ситоиш мекунад, мутаҳҳам шуданд”.

Ин бори чорум аст, ки Путин дар феҳрасти чеҳраҳои таъсиргузори ҷаҳон мақоми аввалро касб мекунад. Дар мақоми дуввум имсол Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико нишастааст. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Сӣ Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон низ вориди панҷгона шудаанд.

Маҷаллаи “Форбс” имсол 11 чеҳраи навро вориди феҳристи қудратмандони соли 2016 кардааст, ки миёнашон Тереза Мей, нахуствазири Бритониё, Травис Каланик, мудири аршади иҷроияи ширкати Убер, Майк Пенс, муовини Доналд Трамп, Антонио Гутереш, дабири тозатаъйини Созмони миллали мутаҳҳид ҳастанд.

Али Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон мақоми 18-уми ин феҳристро аз они худ кардааст. Алишер Усмонов, сарватманди узбактабори Русия дар ин феҳрист 58-умин фарди қудратманд дониста шудааст. Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия, дар ҷойи 56, Абубакр ал Бағдодӣ, раҳбари ҳаракати террористии “Давлати исломӣ” 57, Башор Асад, расиҷумҳури Сурия 63 ва Ҷастин Трудо, нахуствазири Канада дар ҷойи 66-ум омадааст. Барак Обама, ки умри раёсатҷумҳуриаш дар ҳоли поён ёфтан аст, ҳанӯз 48-умин шахси қудратманди ҷаҳон маҳсуб шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)