Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 14:10

Қатли 4-ум: Собиқ раиси тоҷикон дар Магнитогорскро паронданд (АКС)

16 декабр 2016, 09:47

Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқи қатли Маҳмудов Асадулло Авғонович, соҳибкор ва собиқ раиси ҷамъияти тоҷикони Магнитогорскро оғоз кардааст, ки рӯзи 15-уми декабр дар ин шаҳр дар назди хонааш паронда шудааст.

Тибқи иттилои Владимир Шишков, намояндаи Кумитаи тафтишотӣ қотил дар кӯчаи Тевосяни Магнитогорск замоне ба қалби Маҳмудов як тир холӣ кардааст, ки ӯ бо мошини “Dodge”-аш вориди майдончаи назди хонаи истиқоматияш шудааст: “Айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса идома дорад”.

Марҳум зодаи ноҳияи Бохтар буда, 49 сол дошт.

Расонаҳои русӣ бо такя ба манобеяшон аз фармоишӣ будани ин қатл хабар додаанд. Гуфта мешавад ин чорумин қатли соҳибкорон дар Магнитогорск мебошад, ки тайи ду соли охир содир шудааст, вале то ҳол ягонтои онҳо ошкор нагардидаанд.


Қатли 4-ум: Собиқ раиси тоҷикон дар Магнитогорскро паронданд (АКС)

Қатли 4-ум: Собиқ раиси тоҷикон дар Магнитогорскро паронданд (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • а

  • 16 декабр 2016 14:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хел корхоро бисертар спецслужба мекунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!