Бахшҳо

Убайдуллоев: Мубориза бо тақлидкорию фарҳанги бегона кифоя нест

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, бо мақсади пешгирии омилҳои нангини ҷомеа, хусусан, бегонапарастиву хурофотпарастӣ ҳар рӯзи ҷумъа бо ҷалби масъулини дин, мақомоти умури дохилӣ ва амният дар марказҳои фурӯш ва бозорҳои шаҳр вохӯриҳои санҷишӣ-машваратӣ доир карда мешавад.

Убайдуллоев ин нуктаро охири ҳафтаи гузашта дар ҳисоботи солонааш ба вакилони халқии Душанбе изҳор дошта, таъкид намуд, зиёдаравиҳо дар адои маросими адёнӣ ва тақлидкориҳои ноогоҳона ба фарҳанги бегона ҳанӯз зиёданд.

Раиси Душанбе афзуд, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар ҳамаи 73 масҷиди пойтахт, аз ҷумла 18 масҷиди ҷомеъ ва 55 масҷиди панҷвақта камераҳо, дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металӣ дастрас, насб ва дар ҳолати корӣ қарор дода шуд.

Ӯ дар идома чораандешии масъулинро нокифоя хонда, ноиби раиси шаҳр Ҷамила Лангариеваро муваззаф намуд, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолони пойтахт, институтҳои шаҳрвандӣ ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза бо зиёдаравиҳо чораҳои таъхирнопазирро роҳандозӣ намояд.

Убайдуллоев ҳадаф аз роҳандозии чорабиниҳоро таъмин намудани волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзёбӣ кард.
Мӯҳр
Намешид хаму дастгоххора дар назди идорахои давлати мечаспондед то порахурхора аз гирифтани бабло хабар медод ба хама мардум. Хама мушкили хал шуд,ки аз пир то чавон аз кампир то духтар хама мукобили исломгароиву намозгузори шудаед ¿¿¿

Масчидхоро як тараф монеду боре ба мактаби раками 8 равед. Безор шудем аз дасти директораш. Гузаронидани мачлисхои бемаънеро хеле дуст медорад. Духтарони синфи болои бояд хатман бо худ телефон дошта бошанд. Аммо директор худро нишон дода, аз даруни музахояшон телефонро мегирад ва мехоханд падару модарон чанд бор ба наздаш рафта уро зораю тавалло кунанд. Сифати таълиму НОЛЬ асту вохима дар ОСМОН !!!!!!! Ана дар кучо камерахои назорати мондан лозим мухтарам Раис!!!!

Бахром
Кисме аз кормандони муассисахои давлати донишчуён. хамаи точирон корро партофта ба намози чумъа мераванд. Дар ин маврид чораи катъи бояд андешид. Гап дар намоз нест. гап дар он аст, ки хамаи ин тоифа зери таъсири исломихои ифроти ва тундрав афтодаанд ва дар фурсатхои муносиб ин гурухоро пуштибони хоханд кард.

ноиби раиси шаҳр Ҷамила Лангариеваро муваззаф намуд, ки ........
бахшиш Ака як нафареро муваззаф созед, ки акалан аз корхои идеологи 0,5% хабар дошта бошад.

Мусалмон
Бахром,
Ба номи Худованд бахшандаву мехрубон
Ай мусулмонон чун азон гуфта шавад барои намози чумъа дар рузи чумъа пас биштобед ба суи ёд кардани Худо (яъне ба намози) ва тарк кунед хариду фурухтро, ин (шитобидан ба намоз) бехтар аст барои шумо агар бидонед.(сураи Чумъа, ояти 9)

Бахром
Мусулмон.
Мо дар асри 7 не дар а.20 зиндаги дорем. мшкили хамаи динхо тагйирнопазирии онхо аст. бо худо бахс карда намешавад. харчи фармудааст. хо дуруст бошад хо нодуруст бояд ичро куни. Тафаккури инсони имруза хеле пеш рафтааст ва кисаву ривоятхои асримиёнаги уро конеъ карда наметавонад. Хозир як талабаи мактаб аз донишмандони асримиёнаги дар бораи офариниши оламу инсон бештар медонад. Намози чумъа рафтан ва сатр бастан имруз як худнамои шудааст. Точирон дар давоми хафта мардума фиреб мекунанд ва рузи чумъа ба масчид рафта худоро фиреб кардани мешаванд. Дилу ният пок набошад намоз ба инсон фоидае надорад. Худо бошад ба намози хеч кас эхтиёч надорад.

Бахром,
Дунё бо Ислом руй оварда истодааст ,точикони "мусулмон" баракс тавба тавба , Бахром ! пурсиши авал аз намоз бувад ...

Бахром
Мусулмон.
Дунё ба ислом ру наовардааст, дунёро мусулмонони ифроти хароб карда зиндагии миллионхо мусулмононро ба дузах табдил додаанд. Мусулмонон бояд аз тундрави ва чангчуи даст кашида ру ба илму дониш оранд, тахаммулпазир бошанд.

Мусалмон
Бахром,
Ба рости илми бехад кам дорем. Чи фикр мекунед ки пешрафт кардаему хушёр шудаем? Не албатта. Аз бисёр чизхо бехабари хамватан. Фикр намекуни ки окибати хамаи ин чи мешавад. "Дар бораи офариниши оламу инсон"-гуфта акидаи Дарвинро дар назар дори? Пас фиреби бузург хурди. Максади шумо ин аст ки ба Ислом пайрави накунед ки шуморо ба чанд аср кафо мебарад. Ман донистан мехостам, ки ба асри хазрати Мухаммад саллаллоху алайхи ва саллам ё ба асри Умар ки аз адли у то хол таъриф мекунанд ва у хам форсхо ва хам румихоро шикаст дод. Ё ба асри хокимияти Уммавиён ки аз девори хинд то Испания замини мусалмонхо буд. Ё ин ки ба замони Салохуддини Аюби. Ё ба асри Туркияи Усмони ки се китъаи олам дар дасти онхо буд. Албатта хории мусалмонон дар он буд ки аз шариъати Ислом дур шуданд. Акнун бошад касоне пайдо шуда, даъво доранд ки Ислом моро ба кафо мекашад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)