Хабаргузории “Авесто”-ро муваққатан ба ҷойи нав кӯчондаанд
Масъулини Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” барои кормандони хабаргузории “Авесто”, ки дафтари кориашон дар пайи фурӯрезии қисмате аз айвони бино хароб шуд, утоқи нави корӣ ҷудо кардаанд.
Бино ба иттилои кормандони “Авесто”, маъмурияти “Шарқи озод” гуфтааст, то таъмир шудани дафтари корӣ дар уқтоқи нав фаъолият намоянд: “Аммо маълум нест, ки таъмир кай оғоз ва анҷом мешавад. Инчунин масъулин ҳоло намедонанд, ки таъмир аз ҳисоби кӣ анҷом дода мешавад”.
Ба гуфтаи муҳофизони бинои “Шарқи озод” қисмате аз айвони ошёнаи 12-и бино нимашаби 18 ба 19 декабр фурӯ рехтааст. Пораҳои он рӯйи боми дафтари “Авесто” рехта, онро хароб кардааст. Аммо дастгоҳҳои корӣ, аз қабили компютерҳо зарар надидаанд ва кормандони хабаргузорӣ бо зери назорати намояндаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода онҳоро ба дафтари муваққатии худ бурдаанд.
Масъулини хабаргузории “Авесто” мегӯянд, кормандони Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” ба ҳисобу китоби хисороти аз фурурезии айвон расида шурӯъ кардаанд.
Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори ин оҷонсии иттилоотӣ ба “Озодагон” гуфт, кормандони “Шарқи озод” ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” солҳои 80-и асри гузашта бунёд шудаааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |