Бахшҳо
19 дек 2016 14:54Тоҷикистон / Сиёсат

Пешбинии ҷазо барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид карданиянд. Дар сурати қабули он минбаъд барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ хоҳад шуд.

Аз дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” гуфтанд, лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуда, имрӯз, 19 декабр зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардидааст.

Эмомалӣ Насриддинзод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар шарҳи ин лоиҳа иброз доштоааст, ки мафҳуми “шахси мансабдор” дар қонунгузории кишвар ба таври гуногун тавзеҳ дода шудааст ва бо мақсади мутобиқ намудани мафҳуми зикргардида ба қонунгузории ҷорӣ ва талаботи моддаи 2-и Конвенсияи милалӣ муттаҳид зидди коррупсия, он дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Ба қавли ӯ, илова бар ин, яке аз талаботи тавсияи Созмони ҳамкориҳои рушд барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи истамбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ин баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагони “Стратегияи муқовимат бо коррупсия” дар Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020” мебошад: “Бинобар ин, дар лоиҳа моддаи 663 ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи он пешниҳод гардидааст”.

Ба иттилои манбаъ, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи худ инчунин як қатор масъалаҳои дигар, аз қабили лоиҳаҳои қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муҳокима ва баррасӣ кардаанд.
Мӯҳр
Кори бемаъни! Хубтараш усули гузаронидани озмун ба мансабхои холии маъмури ва аттестатсияи хизматчиёни давлатиро такмил дода, шаффофиятро ин чорабинихоро баланд бардоред. ба решаи проблема нигох кардан даркор....

Барномахои зидди корупциони кадомхоянд? Номбар мекардед. Магар то ин дам агар ин барномахо вучуд дошта буд пас чазо муайян нашуда буд.Оё бади ин кормадони корупция доля намебанданд сохибкорона?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)