Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 26 май 2018, 09:27

Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари соли 2016 эълон шуд

20 декабр 2016, 16:53

Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ дар садри феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҷой гирифт.

Ин рейтингро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон таҳия кардааст. Нарзулло Латифов, раҳбари ин анҷуман зимни муаррифии даҳ варзишгари беҳтарини сол гуфт, медали Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 аввалин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад. Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт. Гурзандози машҳури тоҷик, инчунин имсол чанд бор дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” ҳам соҳиби ҷоизаҳо гардид.

Дар баробари Дилшод Назаров ба даҳгонаи беҳтарин варзишгарони соли 2016 Комроншоҳи Устопириён, Анвар Юнусов, Ҳамроз Раҷабов,
Моҳрӯ Ҳалимова, Шаҳриёр Даминов, Зӯҳро Холова, Фаррух Амонатов, Вера Семашко
ва Ҷаҳонгир Маҷидов шомил шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!