Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 26 май 2018, 09:27

Сафири Русия дар Тоҷикистон: Тадобири амниятӣ дар дохил ва берун аз сафорат шадидтар шуд

21 декабр 2016, 09:28

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, назди бинои сафорат мошинҳои зиреҳпӯш ва пулиси вижа (ОМОН) оварда шудаанд.

Ба гуфтаи сафир, ин иқдом баъд аз кушта шудани Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия бо дархости сафорат роҳандозӣ шудааст. Ӯ ба хабаргузории “РИА Новости” гуфтааст, тадобири амниятӣ на танҳо дар берун аз бинои сафорат, балки дар дохили он ҳам шадидтар шудаанд.

“РИА Новости” хабар медиҳад, ки иқдомҳои амниятии сафоратҳои Амрико, Чин, Фаронса ва Бритониё ҳам дар Душанбе тақвият ёфтаанд.

Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия рӯзи 19 декабр ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи “Русия аз назари туркҳо” дар Анқара аз зарби тир ҷон бохт. Ба иттилои расонаҳо, нафаре, ки сӯи ӯ тир андохт корманди пулис будааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мадалӣ

  • 21 декабр 2016 11:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷаноби Сафир:
Шумо ба умеди ин зиреҳпӯшу БТР-ҳоятон нашуда, аз сохторҳои қудратии кишваратон талаб намоед, ки нисбати ҷавонои тоҷик, ки мушкилии рӯзгор оҳоро аз Тоҷикистони биҳиштосо ба Руссияи сард бурдааст, дағалию ноодами накунанд. Маошашонро саривақт пардохт кунанд. Барои манфиатҳои худ шуда, тоҷикро бо тоҷик ҷанг наандозанд. Худатон медонед, ки Руссия дар тамоми давру замон дар ҳама вазъи сиёсии дунё як дӯст дорад, -ин ҳам бошад, Тоҷикистон аст. Дигарҳоро манфиатҳои муваққаташон бо Руссия "дӯст" мегардонад...
Оромии Руссия-ин оромии Тоҷикистон аст, ҷаноби Сафир, бақияааш ба виҷдону инсофи шумо вобастааст...
Дар террори Сафиратон дар Туркия ба шумо ҳамдардӣ менамоем...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!