Бахшҳо
21 дек 2016 11:58Тоҷикистон / Сиёсат

Мансабдорон барои иҷро накардани стратегияи мубориза бо коррупсия муҷозот мешаванд

Мансабдорон барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ дар ҳаҷми аз 20 то 30 нишондидҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд. Ин нукта дар лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” таъкид шудааст.

Давлатбек Хайрзода, муовини раиси Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия имрӯз, 21 декабр зимни муаррифии ин тарҳ дар парлумон гуфт, тибқи ин тағйиру иловаҳо мансабдорони давлатӣ новобаста аз шакли фаъолияти худ барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва стратегияи мубориза бо коррупсия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Ахиран, ҳукумати Тоҷикистон ҳам лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба парлумон ирсол намуд, ки барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ мекунад. Эмомалӣ Насриддинзод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар шарҳи ин лоиҳа 19 декабр зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагондар иброз дошт, ки мафҳуми “шахси мансабдор” дар қонунгузории кишвар ба таври гуногун тавзеҳ дода шудааст ва бо мақсади мутобиқ намудани мафҳуми зикргардида ба қонунгузории ҷорӣ ва талаботи моддаи 2-и Конвенсияи милалӣ муттаҳид зидди коррупсия, он дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Ба қавли ӯ, илова бар ин, яке аз талаботи тавсияи Созмони ҳамкориҳои рушд барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи истамбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ин баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагони “Стратегияи муқовимат бо коррупсия” дар Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020” мебошад: “Бинобар ин, дар лоиҳа моддаи 663 ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи он пешниҳод гардидааст”.
Мӯҳр
.......дар ҳаҷми аз 20 то 30 нишондидҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Илтимос ин корро накунед, ки хандаи ду олам мешавед. О, аз казокхо ёд гиред-акаи парлумон. Худаш ва авлодаш дигар дар хизмати давлати рох дода намешавад. Ё, ин, ки Полиси молияви созед. ин масхара бози ном дорад, чаримаи 800 ё 1200 сомони. Айб барои Парлумон. Бахо -2........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)