Бахшҳо
21 дек 2016 14:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тақдими Ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангӣ ба се донишманди тоҷик

Се донишманди тоҷик соҳиби Ҷоизаи ба номи Манучеҳри Фарҳангӣ шудаанд.

Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, расми тақдими ҷоизаҳо зимни баргузории Симпозиуми байналмилалии илмии “Арзишҳои таърихию фарҳангии замони Ҳаким Тирмизӣ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ” сурат пазируфт: “Фарҳод Раҳимӣ ва доктор Масъуди Миршоҳӣ Ҷоизаи байналмилалии хазинаи Манучеҳри Фарҳангиро ба се олими тоҷик – академики АИ ҶТ Кароматулло Олимов барои силсила мақолаҳо, узви вобастаи АИ ҶТ Юсуфшо Яқубов барои таърихи Кушониён ва Маҳмадраҳими Карим барои асарҳои меъморӣ тақдим намуданд”.

Ҷоизаи байналмилалии хазинаи Манучеҳри Фарҳангӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг ба шахсоне дода мешавад, ки дар рушди илми тоҷик, таҳқиқи масъалаҳои фарҳанг ва таърихи мардумони форсизабон саҳми арзанда гузоштаанд.

Симпозиуми байналмилалии илмӣ имрӯз 21 декабр бахшида ба 1250–солагии зодрӯзи донишманд ва мутафаккири бузург Абӯабдулло Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн Ҳаким Тирмизӣ дар толори Академияи илмҳо оғоз шуд. Дар он донишмандони Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳиндустон, Покистон, Фаронса, Эрон ва Русия иштирок намудаанд.
Мӯҳр
Маблағи Ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангӣ чанд сум бошад? Баъд ин Ҷоиза ҳар моҳ ё сол дода мешавад ё як бор мегиранд, тамом?

Ман илми точикро табрик мекунам ва умедворам ин хама назарияхо рузе амали мешавад чунки хамааш назарияи беамал аст.

Маблагашро намедонам! Лекин хар сол як маротиба ба донишмандони точик месупоранд.

Ҷоизаи байналмилалии хазинаи Манучеҳри Фарҳангӣ 10 ҳазор сомон аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)