Бахшҳо

Кадуи нос ва иқтисод

Азизи Нақибзод

Пеш аз сафар ба ҷумҳурии Утриш дар бораи сатҳи иқтисоду вазъи иҷтимоии ин кишвар ва умуман давлатҳои Аврупо аз рӯи мутолиаҳоям тасаввурот доштам. Аммо тавре мегӯянд, “шунидан кай бувад монанди дидан?” Ин кишварро ободтар аз ончи тасаввур менамудам, дарёфтам. Аммо инҷо аз пешрафтҳои Утриш ҳарф намезанам, балки аз сабабҳои пешрафташ хоҳам гуфт.

Чаро ҷумҳурии Утриш ва дигар мамолики Аврупо дар сатҳи олии рушд қарор доранд ва мардумаш аз беҳтарин шароити иҷтимоӣ бархурдоранд? Яке аз сабабҳои асосии пешрафти ин давлатҳо дар риояи бечунучарои қонун ва қоъида аз ҷониби тамоми ақшори ҷомеъа аст. Як мисоли оддӣ дар муқоиса бо Русия меорам. Дар Русия ба метро, автобус ё трамвай ба воситаи “турникет” бо ворид намудани билет мегузаред. Аммо бо вуҷуди ин русҳо ва муҳоҷирони зиёде ҳастанд, ки аз болои “турникет” бидуни пардохти пул ҷаҳида мегузаранд. Дар Аврупо баръакси ин ҳолро мушоҳида мекунед. Дарҳои метро ва дигар намуди нақлиёт “турникет” надорад, ҳеч маъмури назоратгар низ. Вале, касе бе билет вориди нақлиёт намешавад. Қоъидаро касе вайрон намекунад.

Меҳмонхонае, ки чанд шабро дар он гузарондем, моликияти шахсӣ буда, таърихи 500-сола доштааст. Ин меҳмонхона аз рӯи меъёрҳои муосири аврупоӣ меҳмонхонаи оддӣ маҳсуб меёбад. Аммо инҷо гап сари он аст, ки 500 сол аст, ки як хонавода пушт ба пушт аз даромади ҳамин меҳмонхона зиндагии сазовор ва шоиста ба сар мебаранд. Ва мешавад бовар карду эътимод дошт, ки 500 соли дигар наслҳои ояндаи соҳибмулк аз даромади моликияташон зиндагӣ хоҳанд кард. Ба назар бояд гирифт, ки моликияти шахсӣ ҳам дар зери ҳимояи давлат аст ва дар баробари ин давлат ҳам аз ин амал бо гирифтани андоз суд мебарад. Хуллас, амнияти сармоя аз тарафи қонун ва давлат ҳифз мешавад.

Инҷо ду масъала вуҷуд дорад. Аввал сухан аз эътимод аст, эътимод ба қонун ва давлат, ки кафолати амнияти сармояро медиҳад ва ҳифз мекунад. Аз инҷо бовар ба фардо пайдо мегардад ва ҳамин бовару эътимод аст, ки сабаби сарфи сармоя барои рушду тараққиёт мегардад.

Масъалаи дувум, ин ҳарфи мерос аст. Вақте ки аз падару бобо ба бозмондагонаш сармоя ё моликият ба мерос мерасад ӯ дигар дар фикри рушди худ ва худсозӣ мегардад, на аз паси пулковӣ ва нонҷуӣ. Ҳаминҷо як мисраъ аз шеъри Бозор Собир ба ёдам мерасад, ки мегӯяд: “…Мероси падар кадуи носи падар аст”. Манзури шоир ин аст, ки барои тоҷик ба фарзандаш танҳо кадуи нос ба мерос мемонад. Аммо масъалаи мерос боз бармегардад ба ҳамон бовар ва эътимод, ки мутаассифона дар кишварҳои ҷаҳони саввум вуҷуд надорад.

Дар мисоли Тоҷикистон мо ҳамеша аз эътимод ба кафолати давлат намудан ва дастгирии соҳибкорону сармоядорон ҳарф мезанем, аммо рӯз аз рӯз овозаҳои интиқоли сармояи сармоядорони тоҷик ба Дубай, Бишкек, Маскав ва ҳатто ҷумҳурии Гурҷистон бештар мегарданд. Ин раванд бозгӯи он аст, ки сармоядорони мо эътимодро аз даст додаанд.

Фукуяма, назарияпардози сиёсии ҷаҳони муосир, ки ҳам яке аз охирин асарҳояш “Эътимод” ном дорад, сабаби асливу асосии бақо ва рушди дунёву давлатҳоро ба эътимод марбут медонад. Фикр мекунам, ки агар мо ҳам натавонем эътимодро аз як вожаи хушку холӣ ба як арзиши ахлоқиву иҷтимоӣ табдил диҳем, рушдеро нахоҳем дошт.
Мӯҳр
Бисёр хам чолиб аммо бо овардани номи нос ва номи базар каме навистаро рангу мазаашро дур кардаи бародари канд ....

Кадуи сиёх
Ту то худата таъриф кардана якбор фикр кун ки зиндагиат хамаи шароитро дораду мардуми бечорая писханд задоси ки конуна риоя накардосаган да ЧТ. Якум тайёрхур да ин кишвар ту хасти мардума гунахкор накун.

бародар точики гап зан, Утриш кучост. Бо умели шумо забондонхо кадом рузе безабон мемонем

Бобозода.
Рости гап ман Утриш-ро нафахмидам кадом давлат аст!

Хуб мешуд чаноби Накибзод ба чои калимаи Утриш,Австрия менавиштед хуб мешуд, Мардум аз кучо медонанд ки Утришаш чист...

Филолог
Коида аз кай боз бо коъида шуд?

Номи ин Чумхуриро бори аввал мешунавам. Шояд тахалуёти хайлии муаллифи макола бошад ё аз сари нав китоби географияро кофта хондан даркор бошад.

Интизоми Меҳнат
Брашка бугу чанд ҳазор евра уварди а унҷа?

Аз Монако
Азизи Накибзод навиштаат каму аммо хуб. сафар ба Урупо ва Утриш ва ин кадар бардошти каму заиф албатта ба дар Точикистон ва махсусан дар кухистон бузург шудани ту бармегардад. аз ин хам бигзарем Утриш гуфтанат дуруст аст Австрия ин гуиш дар меъёри овоии русист. аммо хохишан ин навиштаатро ба дустат ки буд боз.. холо вай Далер Шарифов хам бихонон ва уро аз асри 6 милоди акаллан ба давраи мугул биёр ва бигуяш ки мугул 6-7 миллион точики мусулмонро катли ом кард ва аз тарафои шумо хеч хабаре нашуд ки кумакашон кунед. Дар чахон инсон танхост то худаш талош накунад хеч кас кумакаш намекунад агар мекард ин кадар катли омхо намешуд. Утришро инсонхои окилу фарзонааш ба ин хад ва сатх бирасониданд. Боз ун далер нагуяд ки бардошт аз дини мо буд гуфта!!!

Devona
Бобозода.,
Baroi chi shumo az nadonistani hud sharm namekunedu az donistani aftor intikod mekuned? Mankurti to ba kaj? Avval az hudaton domangir shaved, bad az rushoe ki shumoro mankurt kardan!

Точик,
"...ё аз сари нав китоби географияро кофта хондан даркор бошад."
Behtarin variant!

вору
хоххохохохххххххххххооооооооооо

ххххххоооооооххххххооооооо

в
Илтимос ба эронихо таклид накун. Бо забони точики Австрия кабул шудааст, на Утриш. Ман дар аввали макола Утришро дидаму дигар маколаро нахондам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)