Рамзан Қодиров: Путин бояд баъди соли 2018 низ президенти Русия бошад
Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон гуфтааст, Владимир Путин бояд баъди соли 2018 низ президенти Русия боқӣ бимонад.
Ӯ дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ бо ишора ба нишасти матбуотии Путин, ки онҷо изҳор дошт, масъалаи иштирокаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии оянда ба вазъи Русия ва ҷаҳон бастагӣ дорад, навиштааст, ин тасмими дуруст аст: “Аммо Владимир Владимирович дар кишвари мо ва тамоми ҷаҳон аз маъруфияти хоса бархӯрдор аст... Мехоҳам андешаи худро, ки аз андешаи тамоми сокинони Чеченистон ва бовар дорам, миллионҳо шаҳрванди Русия асос ёфтааст, иброз намоям — Владимир Владимирович бояд номзади мо дар интихоботҳои оянда ва баъди соли 2018 низ президенти Русия бошад”.
Қодиров дар идома изҳор дошта, ки дар сурати ғайр бо таваҷҷуҳ ба амалҳои ИМА ва НАТО, ки Русияро ба кишвари ҷаҳони даҳум табдил доданианд, оқибатҳои пешгӯинашавандае ба дунбол хоҳад дошт.
Владмир Путин дар гузашта ду давраи чорсола президенти Русия буд. Баъди он ки Дмитрий Медведев як давраи чорсола раисҷумҳур интихоб шуд, ӯ дар курсии сарвазир такя зад ва баъди анҷоми ин муҳлат дубора номзад ва барандаи интихоб гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |